Дар ноҳияи Шаҳристон ба мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ оғоз бахшида шуд

Дирӯз дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи асосии деҳа ҳусни оғоз бахшида шуд.

Боиси зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳоти ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 7 км роҳи деҳаи Ободӣ таъмиру мумфарш карда мешавад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони деҳаи мазкур қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди деҳот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.

Таъкид шуд, ки саҳми сокинон низ дар ободонии маҳал назаррас буда, мардум бо иҷрои рисолати шаҳрвандӣ хонаву манзил ва кучаву маҳаллаи худро обод намуда истодаанд .

Сокинони деҳаи Ободӣ дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh