Идомаи бунёди майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон майдони Парчами давлатӣ бунёд гардида истодааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 17 июн рафти корҳои сохтмониро дар майдони мазкур таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати тақвияти корҳо ба роҳбарияти ноҳия супоришҳо дод.

Чуноне иттилоъ дода шуд, майдон дар масоҳати 0,16 га бунёд гардида, он дар паҳлуи Қасри фарҳанги ноҳия ва рӯ ба рӯи бозори марказӣ ҷойгир аст.

Баландии сутунпояи Парчам 50 метрро ташкил карда, бо анҷоми корҳои сохтмонӣ майдон ба маркази ноҳия ҳусни дигар зам хоҳад намуд. Зеро барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳия шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh