Фабрикаи мурғпарварии «Файзи саҳар» фаъолияташро беҳтар менамояд

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен тасмим гирифтааст, ки саршумори мурғҳоро то 200 ҳазор расонад.

Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен иттилоъ дода шуд, фабрикаи парандапарварӣ ба парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм машғул мебошад. Айни ҳол дар ҷамъияти мазкур 133 ҳазор мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш карда мешавад.

Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки бо азнавсозиву вориднамоии технологияҳои нав шумораи мурғҳоро то 200 ҳазор адад расонад.

Бояд қайд намуд, ки иқтидори фабрика ба истеҳсоли 2 миллион дона тухм дар моҳ баробар аст. Дар он 26 нафар кормандон фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ маош мегиранд.

Айни ҳол дар корхона корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдид бомаром идома ёфта, ба нақша гирифта шудааст, ки дар муҳлати кутоҳ ба итмом расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh