Дар Исфара 420 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд

Раиси вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Дар шаҳри Исфара ба истиқболи ҷашни таърихӣ бунёди 457 иншоот ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли ҷорӣ бунёди 22 иншоот пешбинӣ ва то имрӯз 14 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, то ин давра 420 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидааст, ки баробари 91,9 фоизи нақшаи умумӣ мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун, аз ҷумла марказҳои савдову хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, корхонаҳои саноатӣ, инчунин азхудкунии заминҳои нав ва бунёди ва ташкили боғоти суперинтенсивиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо, истифодаи самараноки замин супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh