ОЛИМИ ВАРЗИДАИ ИҚТИСОДДОН

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ маросими супурдани Диплом ва нишони академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ ба академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати академия Азизулло Авезов баргузор гардид.

Чорабиниро ноиби раиси Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ Мунимҷон  Абдусамадов ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти корӣ ва дастовардҳои намоёни мавсуф маълумот дода, қайд намуд, ки Азизулло Авезов фаъолияти меҳнатиашро соли 1973  оғоз намуда, солҳои зиёдеро ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбияи олимони ҷавон бахшидааст. Дар айни замон ба ҳайси профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, сармуҳаррири нахустмаҷаллаи илмӣ ˗ техникии “Паёми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, роҳбари бахши вилоятии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмиллалии муҳандисӣ барои рушду нумуи илми муосири Тоҷикистон хизматҳои арзанда намудааст.

Мавсуф муаллифи 14 монография, 12 маводи таълимӣ - методӣ ва 210 мақолаи илмӣ мебошад. Моҳи сентябри соли 1986 Азизулло Авезов дар шаҳри Маскав дар мавзӯи “Эффективностҳ энергоснабҷения деӣентрализованнқх потребителей (на примере Республики Тадҷикистан)” (Таъминоти самараноки энергетикии истеъмолкунандагони маҳаллаҳои кӯҳӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи номзадиашро ва соли 1999 рисолаи докториро дар мавзӯи “Формирование и развитие наӣионалҳной энергетической системқ (на примере Республики Тадҷикистан)” (Ташаккулёбӣ ва рушди низоми миллии энергетикӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон))  бомуваффақият ҳимоя намуд ва бо Қарори комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия аз декабри 1999 доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

ҳамчунин директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Рабизода Дилафрӯз Саидӣ аз номи устодону донишҷӯёни донишкада академик Азизулло Авезовро барои гирифтани ин унвон ва диплом муборакбод намуда, қайд намуд, ки мавсуф аз зумраи олимони мӯътабар ва мураббиёни варзидаи муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён маҳсуб ёфта, 48 сол инҷониб пайгирона ва босамар ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ машғул аст ва ҳамчун иқтисодшинос дар байни олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.  Боиси зикр аст, ки Академияи Муҳандисии Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун Филиали Академияи Муҳандисии ИҶШС ташкил ёфта, аз 3 июли соли 1992 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Академияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМҶТ) ба қайд гирифта шудааст.

Дар аъзоёии он маслиҳатчиёни академикӣ, докторон ва номзадҳои илм, кормандони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, муаллифони китобҳои фанҳои дақиқ ва патентҳои зиёд оид ба ихтироот дохиланд.

Алҳол ба ҳайати АМҶТ 32 нафар аёзои пайваста (академикон) ва зиёда 80 нафар аъзоёни вобаста шомиланд, ки аз онҳо 11 нафарашон занон мебошанд. 

Маъмурахон САМАДОВА,

«ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh