Оғози мумфаршкунии роҳи “Конибодом-Истгоҳи роҳи оҳан”

15 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба мумфаршкунии роҳи “Конибодом-Истгоҳи роҳи оҳан” оғоз бахшида шуд.

Роҳи мазкур дар ҳудуди деҳаи Диловарони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқов ҷойгир буда, он бо масоҳаи 3000 метри мураббаъ мумфарш мегардад. Фармоишгари корҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва паймонкор муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом буда, барои иҷрои корҳо 200 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар шаҳри Конибодом ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии иншооти ҷашнӣ ҷараён дорад.

Тибқи нақша ба истиқболи ҷашни таърихӣ дар шаҳр бунёди 506 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар соли 2021 бунёди 100 иншоот пешбинӣ гардида, дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 40 иншоот ба истифода дода шуд, ки баробари 40 фоизи нақша мебошад.

Дар маҷмӯъ, то ин давра 446 иншоот бунёд ва таъмиру азнавсозӣ гардидааст, ки баробари 88,1 фоизи нақшаи умумӣ мебошад

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh