Мумфаршкунии кӯчаи ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент оғоз ёфт

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят ҳини суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат ёфта, омодагиҳо бо таҷлили шоистаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар баробари бунёду таҷдиди иншооти гуногун ба мумфаршкунии роҳҳо низ аҳмияти зарурӣ зоҳир шуда, марҳила ба марҳила тамоми роҳҳои нообод таъмиру мумфарш карда хоҳад шуд.

Дар ин радиф роҳи кӯчаи ба номи Лоиқ Шералӣ бо дарозии 3 км ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пурра мумфарш карда мешавад.

Сипас, Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони дарвозаи ғарбии шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин дарвозаи ғарбии шаҳр бо 12 метр баландӣ ва 20 метр паҳноӣ сохта шуда, дар ҳудуди иншоот ҷойи қабули меҳмонон таъсис ёфта, гӯшаи рамзҳои давлатӣ, Қаҳрамонони Тоҷикистон ва деворнигораҳои қадимӣ ташкил хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh