Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

3 июн бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ва рафти корҳои саҳроӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Раиси вилоят сараввал ҷараёни бунёдкориҳо дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд,  ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди иншооти гуногун идома дошта,  саҳми соҳибкорон дар ободонии маҳал назаррас аст.  Аз ҷумла,  бародарон Муллонаврӯзовҳо тасмим гирифтаанд,  ки маҷмааи хизматрасонии "Диёр" -ро бунёд созанд. Дар маҷмааи мазкур сехи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, сехи истеҳсоли макарон,  сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, сехи дӯзандагӣ ва тарабхона таъсис ёфта, даҳҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Айни замон бунёди маҷмаа идома дошта, барои истеҳсоли маҳсулот таҷҳизоти техникӣ аз Россия ва Чин ворид карда шудааст.

Сипас, роҳбари вилоят аз пойгоҳи обкашии Дилварзин-1 дидан намуд. Пойгоҳи мазкур фаъолияти бомаром дошта, обрасонӣ тибқи нақша ба роҳ монда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия барои таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо об дастур дода, таъкид кард, ки дар самти таъминоти заминҳои кишт бо об намояд мушкиле пеш ояд.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят аз киштзорони ноҳия дидан карда,  вазъи нашъунамои зироатҳоро мавриди назар қарор дода, бо кишоварзону фаъолони ноҳия мулоқот орост. Таъкид гардид,  ки саҳми кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас буда, мардуми заҳматкаши ноҳия аз ҳар як порча замин самаранок истифода мебаранд.  Роҳбари вилоят ба масъулин ҷиҳати таъмини мунназами заминҳо бо об, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ,  бунёди боғҳои наву интенсивӣ,  иҷрои нақшаи истеҳсоли пилла, парваришу коркарди техникии пахта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка,  полезиҳо супоришҳои мушаххас дод.

Дар анҷоми сафар Раиси вилоят Маликусмон Шодмонов ва Назармамд Қурбоновро аёдат карда,  ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.  Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии аёдатшудагон шинос шуда, ба фаъолияти ин ду оила баҳои баланд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh