Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо аз ноҳияи Спитамен боздид намуд.

Ҳангоми боздид роҳбари вилоят нахуст бо фаъолияти ҶДММ "Файзи саҳар" шиносоӣ пайдо намуда, барои тавсеаи доираи фаъолият, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини аҳолӣ бо тухму гӯшти мурғ супоришҳо дод. Дар корхонаи парандапарварӣ 190 ҳазор сар мурғ парвариш карда шуд, 30 нафар коргарон фаъолият мекунанд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, барои таъмини бозори дохилӣ истифода мегардад.

Сипас, роҳбари вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар корхонаи коркарди шир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар бунёд гардида истодааст.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати Шири Душанбе” сохта шуда истодааст. Маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии "Саидмурод-саркор"  ширкат варзида,  пасон рафти васлу насби таҷҳизот дар коргоҳи матоъбофии ҶДММ "25-солагии Истиқлолият"- ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Коргоҳи иловагии матоъбофӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафти роҳбарияти ҶДММ “25-солагии Истиқлолият” сохта шуда, айни замон дастгоҳҳои техникии матоъбофӣ ворид карда шудааст.

Пас аз ба истифода супоридан коргоҳи иловагии мазкур дар 3 баст фаъолият намуда, дар ҳар як баст то 15 нафар, дар маҷмӯъ 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh