Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз боғҳои наву интенсивӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти кишоварзони Ҷамоати деҳоти Яхтан таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз чанд хоҷагии деҳқонӣ боздид намуд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ноҳияи Деваштич боғҳои наву замонавӣ бунёд гардида,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ сол ба сол зиёд гардида истодааст.

Масалан,  аз тарафи ҶДММ "Ҳоҷӣ Рауф " дар заминҳои солҳои зиёд бекорхобида 1,5 гектар боғ бунёд гардида, ниҳолҳо серҳосилу қадпасти себу нок ва шафтолуву олу шинонида шудааст.

Ё худ соҳибкор Эралӣ Идрисов дар шафати роҳи асосӣ 2.5 гектар боғи интенсивӣ бунёд кардааст, ки дар он бодому чормағз,  себу гелос ва сиёҳолу парвариш меёбад.

Ташкили боғҳои наву интенсивӣ имконият медиҳад,  ки аллакай дар соли дуюму сеюм ҳосил ба даст оварда шуда, илова бар таъмини бозори дохилӣ меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ба содирот низ бароварда шавад.

Раиси вилоят ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, баҳри самараноку оқилона истифода бурдани замин, обёрии боғот бо усули қатрагӣ тавсияҳо дод.

Сипас Раиси вилоят сохтмони маркази хизматрасонӣ ва сардхона барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре иттилоъ доданд,  маркази хизматрасониву сардхона бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, фаъолияти он имкон медиҳад,  ки маҳсулоти ниёзи мардум захира гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh