Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафари корӣ анҷом дод.

Тавре маълум аст ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари вилоят корҳои ободонию бунёдкорӣ ҷараён дорад. Дар ноҳияи Шаҳристон низ дар ин раванд бунёди иншооти гуногун ба роҳ монда шуда, сокинон дар ободонию хуррамгардонии маҳал саҳми худро мегузоранд.

Зимни сафар роҳбари вилоят сараввал рафти бунёди корхонаи "Элитаи Шаҳристон"-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, дар маҳсулоти шири истеҳсол карда хоҳад шуд. Тибқи иттилои муассиси корхона Садриддин Хайриддинов  дар марҳилаи аввал дар корхона 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят  дар идомаи сафар бо корҳои сохтмонии мактаби рақами 19 шинос гардид. Бинои нави таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида,  аз се ошёна иборат аст.  Мактаб барои 384 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, он инчунин дорои толори варзишӣ ва ошхона мебошад. Корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ "Куркат ба зимма доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз собиқ бинои идораи кишоварзӣ боздид карда, барои таъмиру таҷдиди бино ва истифодаи он чун боғчаи кӯдакон ба роҳбарияти ноҳия супориш дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh