ҲАДАФИ “СУFДИЁН” МУАРРИФӢ ДАР ҶАҲОН
- Details
- Published on Tuesday, 03 September 2019 10:26
Дар арафаи ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии иборат аз 10 ошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тазаккур бояд дод, ки меҳмонхонаи мазкур дар заминаи собиқ меҳмонхонаи «Ленинобод» азнавсозӣ гардида, таъмини имкониятҳои хизматрасонии муосир барои меҳмонону сайёҳон ба роҳ монда шудааст.
Меҳмонхона биноест, ки ҷои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон ба шумор рафта, ҳуҷраҳои алоҳидаи зистро дорост. Баробари вусъат ёфтани робитаю алоқаҳои иқтисодии байналхалқӣ ва туризм сохтмони меҳмонхонаҳо тадриҷан зиёд мегардад. Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон ба ғайр аз меҳмонхонаҳои тобеи муассисаҳо 46 меҳмонхона барои 4298 нафар мавҷуд буд, ки «Ленинобод» дар қатори машҳуртарин ва калонтарин дар ҷумҳурӣ номнавис гардидааст. Он ҳанӯз соли 1976 бунёд ва ба истифода дода шуда, сайёҳону меҳмонони кишвар дар ин макон маскан гирифта, зебоиҳои гирду атрофи шаҳри Хуҷандро аз баландӣ тамошо мекарданд.
Бо мурури замон бинои меҳмонхона эҳтиёҷ ба таъмиру азнавсозӣ пайдо карда, мутобиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи додани иҷозат барои азнавсозӣ» дар бинои ҶСК Меҳмонхонаи «Ленинобод» корҳои азнавсозӣ оғоз гардид. Сохтмончиён дар ин давра заҳмати беандоза кашида, биноро пурра таъмир ва дар қисми пеши он бинои иловагӣ сохтанд. Минбаъд мардум меҳмонхонаро бо унвони «Суғдиён» мешиносанду аз хизматрасониҳои муосири он бархурдор хоҳанд гашт. «Суғдиён» дорои 172 ҳуҷра, аз ҷумла 20 ҳуҷраи люкс буда, дар як вақт метавонад ба 300 нафар хизмат расонад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳарчанд дар шаҳри Хуҷанд 13 ва дар ҳудуди вилоят 54 меҳмонхона бо фарогирии беш аз 2 ҳазор мизоҷ дар як вақт амал дорад, аммо дар маркази шаҳр, дар соҳили рӯди Сир ва шафати боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ қарор гирифтани чунин як меҳмонхонаи замонавӣ хотири меҳмононро шод ва табъи маскунони муваққатиро болида мегардонад. Зеро тамоми 8 ошёнаи болоии меҳмонхона дорои ҳуҷраҳои бо усули замонавӣ оро ва муҷаҳҳазонидашуда буда, бархе аз ҳуҷраҳо бо мақсади муаррифии шоистаи анъанаҳои миллии тоҷикона нақшбандӣ гардидааст.
Нафари вориди меҳмонхона шуда нахуст аз тамошои толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ, ҳамчунин ҳунарҳои дастии ҳунармандон баҳраманд гашта, аз анъанаҳои неки ниёгони халқ бархурдор хоҳад шуд. Дар нуқтаи қабули меҳмонон кормандони хушахлоқу дорои хислатҳои ҳамида, масъулиятшиносу маҳорати касбидошта ва донандаи чандин забони хориҷӣ ба пешвоз баромада, меҳмонону сайёҳонро бо шароити истироҳатии меҳмонхона шинос хоҳанд кард.
Меҳмонону сайёҳон ҳамчунин метавонанд аз хизматрасониҳои толори маҷлис барои 60 нафар, толори варзишии дорои таҷҳизоти варзишӣ, маҷмааи фароғатӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғхонаҳои хушку нам, кошонаи ҳусн, нуқтаи гиёҳдармонӣ ва дигар иншооти хизматрасон бархурдор бошанд. Ҳуҷраҳо бо оинаи нилгун, яхдон, телефон, шабакаи интернет, лавозимоти гигиенаи шахсӣ муҷаҳҳаз буда, арзиши хӯроки наҳорӣ, истифодаи шабакаи интернет, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳ ройгон аст.
Директори меҳмонхона Абдумалик Содиқов иброз медорад, ки «Суғдиён» дар вилоят калонтарин ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ буда, азнавсозии ин гуна иншоот боиси муаррифии шоистаи санъату тамаддуни пурғановати тоҷикона барои хориҷиён мегардад. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, манзури оламиён гардонидани иншооти сохташавандаи тоҷиконаю муаррифии табиати зебою нотакрори кишвари биҳиштосо ва имконоти зиёди туристидошта шаҳодатгари меҳмондӯстии халқи тоҷик мебошад.
Пас аз баистифодадиҳии меҳмонхона рӯзи дигар қатори меҳмонҳо ду нафар сокини кишвари Австралия - Батрум Ричард Бохдан ва Фейрли Салми Терис меҳмони мо шуданд.
Ричард Бохдан таассуроташро аз сафараш ба шаҳри Хуҷанд нек арзёбӣ намуд. Барои ӯ махсусан боду ҳавои мусоиди назди дарё ва тамошои Маҷмааи таърихии «Боғи Камоли Хуҷандӣ» писанд омадааст. Хушмуомилагии роҳбалади меҳмонхона ва донистани забони хориҷӣ, ки боиси бемамоният гуфтугӯ кардани онҳо шуд, меҳмононро шод гардонид. Рисолати меҳмонхона низ дар ҳамин аст, ки ба мизоҷон хизматрасонии босифатро пешниҳод намуда, барои онҳо шароити мусоиду бароҳатро фароҳам оварем, - қайд кард директори меҳмонхона.
Салми Терис бошад, дар китоби қайди меҳмонхона ва навори хотиротии он иброз медорад, ки «Тирози ҷаҳон» будани шаҳри Хуҷандро шунида буду акнун бо чашмонаш дид. Ба Салми бахусус меваҳои тару тозаи табиӣ, ки бо дастони худ аз шохи дарахти анҷиру себ ва шафтолу кандааст, писанд омадааст.
– Гумон намекардам, ки харбузаи аз палак кандашуда чунин бӯи хушу гуворо дорад, - мегӯяд меҳмони австралиягӣ.
Боиси тазаккур аст, ки то ин муддат дар қатори дигар меҳмонони дар «Суғдиён» истироҳатдошта 21 нафар хориҷӣ, аз ҷумла аз давлатҳои Исроил 4 нафар, Озарбойҷон 2 нафар, Ӯзбекистон 7 нафар, Федератсияи Россия 4 нафар, Олмон 1 нафар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1 нафар дар ҳуҷраҳои барҳавои меҳмонхона истироҳат доштанду аз меҳмоннавозии хоси тоҷикона бархурдор шуданд.
Шароити хизматрасонӣ ва имконоти васеи истироҳату фароғати меҳмонону сайёҳон дар ин иншооти замонавӣ масъулони меҳмонхонаро ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани он водор сохта, барои ҷалби бештари мизоҷон дар оянда таҳияи сомонаи интернетӣ, истифодаи васеи роҳҳои гуногуни таблиғу ташвиқ, шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаҳои махсуси сайёҳӣ ва меҳмонхонавӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии дохилӣ ва беруна, ташкилоти байналхалқӣ ва ғайридавлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, варзишгарон бошад, ҳадафҳои асосии пешгирифтаи масъулони «Суғдиён» мебошад.
Шоира КАРИМЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»