Иштироки намояндагони шаҳри Исфара дар чорабиниҳои идонаи ноҳияи Бешариқи Ӯзбекистон
- Details
- Published on Wednesday, 28 August 2019 16:43
Рӯзи 27 август бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони шаҳри Исфара бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин озими ноҳияи Бешариқ шуданд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд, намояндагони шаҳри Исфараро дар гузаргоҳи сарҳадии "Равот" роҳбарияти ноҳияи Бешариқ ва фаъолону сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд. Намояндагони шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо мизбонон дар чорабиниҳои идона, ки дар базмгоҳи асосӣ - варзишгоҳи марказии ноҳия сурат гирифт, иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо баробари ба мардуми ноҳияи Бешариқ расонидани табрикотии саршори таманниётҳои нектарини сокинони шаҳри Исфара, аз дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии милливу давлатӣ, зиндагии осудаву ороми шаҳрвандон ва пешрафти устувори иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон ёдовар шуд.
Ӯ аз ҷумла, таъкид дошт, ки мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар таърихи муносибатҳои мардумони тоҷику ӯзбек марҳилаи навро боз намуд.
Таъкид карда шуд, ки халқҳои мо, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд.
Дар идома меҳмонони исфарагӣ барномаи ҷолиби консертиро бо иштироки беҳтарин ҳунармандони ӯзбекистонӣ тамошо карданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Исроилҷон Файзидинов бошад бо таронаҳои худ мардуми меҳнатқарини ҳамсоякишварро бо ҷашнашон муборакбод гуфт.
Инчунин зимни сафар ҳайати намояндагони шаҳри Исфара аз якчанд корхонаву муассисаҳои таълимӣ, мавзеҳои таърихиву осорхонаи ноҳияи Бешариқ дидан намуда, бо соҳибкорони ҳамсоякишвар бобати тақвияти ҳамкориҳо суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд