Ашт: ТАШРИФИ САЙЁҲОН - НИШОНИ ФАРАҲМАНДӢ

Эълон шудани солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ ривоҷу равнақ ва ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ такони бузурге бахшид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ аз имконияту захираҳои мавҷуда истифода бурда, бобати ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 42 иншооти соҳавӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, осорхона, табобатгоҳ, истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Понғоз ва Ошоба ду роҳи баромади сайёҳон ба нуқтаи баландтарини қаторкӯҳҳои Қурама, Бобои об, ки баландиаш аз сатҳи баҳр 3768 метр мебошад, сохта шудааст.

Ҳамасола дар ин ҷо садҳо нафар шаҳрванди хориҷию дохилӣ истироҳат менамоянд. Ду ошхона, меҳмонхона ва чашмаҳои оби шифобахши Понғозсой, Ошобасой доимӣ дар хизмати сайёҳон мебошанд. Мавзеи истироҳатии «Чинор - Бобо» дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ба сайёҳон нерӯи нав мебахшад. Деҳаҳои Бободархон, Понғоз, Ашт, Шайдон, Кулихоҷа ва Мулломир бо мавзеъҳои таърихии тамошобобаш сайёҳонро мафтун кардааст. Обҳои минералии табобатии мавзеъҳои Надок, Сардоб, Пазмон, Шӯробак, Оби Ашт, Бобои сетан ва Кандир барои солимии инсон муфид аст.

Дар мавсими истироҳатии соли 2019 зиёда аз 3 ҳазор нафар сайёҳ дар истироҳатгоҳи «Аксикон» табобат гирифтанд. Давоми соли 2018 ба ноҳия 3782 нафар сайёҳ ташриф оварданд, ки аз онҳо 386 нафарашон сайёҳони хориҷианд. Гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 - ум 512,2 ҳазор сомониро ташкил намуд.

Дар озмуни намоиши маҳсули дастӣ, оҳангарони аштӣ ба гирифтани ҷойи дуюми ифтихорӣ ноил гардиданд. Моҳи августи соли равон анҷумани 5 - уми оҳангарони аштӣ дар деҳаи Ашт баргузор мегардад, ки ба он зиёда аз 200 нафар оҳангари Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон даъват шудаанд. Инчунин, моҳи октябри соли равон 80 - солагии бунёди Канали Калони Фарғона дар марзҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ниёзмуҳаммади ИБРОҲИМЗОДА,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh