Ноҳияи Айнӣ: Дар оинаи сайру саёҳат
- Details
- Published on Friday, 16 August 2019 09:24
Ноҳияи Айнӣ таърихи зиёда аз 1300 - сола дошта, маъхазҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки муаррихи араб Алистахрӣ ва адиби барҷаста Захириддини Бобур онро кашф намудаанд. Шуғли асосии аҳолӣ кишоварзӣ ва боғдорию чорводорӣ мебошад.
Соли гузашта ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар зиёда аз 1 миллиону 155 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст, ки беш аз 850 ҳазори он тариқи вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ ворид гаштаанд. Ҳар як деҳаи хурду калони ноҳия манзараҳои нотакрор дорад, ки сайёҳонро мафтун намудааст ва онҳо аз тамошои он манзараҳо лаззат мебаранд. Ноҳия дорои якчанд ширкатҳои туристӣ буда, Искандаркӯл, кӯлҳои Аловиддин, дараи Яғноб, Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, осорхонаи таърихӣ – кишваршиносиро дарбар мегирад. Инчунин, қадамҷои орифи бузург Шамси Табрезӣ дар деҳаи Вешаб, мулло Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревад, масҷиди гузари Лангар, қадамҷо ва зиёратгоҳи шайх Абулқосими Гургонӣ дар деҳаи Урметан буда, имрӯзҳо ба маркази фароғату истироҳати сайёҳони ватанию хориҷӣ табдил ёфтааст.
Инчунин, дар деҳаи Путхини ноҳия осоишгоҳи доктор Тоҳирӣ бо инфрасохтори замонавӣ амал менамояд, ки шумораи истироҳаткунандагонаш зиёд мебошанд. Ҳангоми суҳбат бо мо мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдои ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳия Шамсулло Шодиев иброз дошт, ки имрӯз дар хатсайрҳои сайёҳии ноҳия инфрасохторҳои лозимӣ аз тарафи соҳибкорон сохта шуда истодааст ва бо зиёд шудани теъдоди сайёҳони ватанию хориҷӣ хатсайрҳои нав ба нав кушода мешавад.
Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо роҳбарии раиси ноҳия Муқим Муродзода ва сохторҳои маҳаллии давлатӣ раисони ҷамоатҳо, зиёиён, соҳибкорон мизи мудаввар ташкил карда шуд. қайд гардид, ки ноҳияи Айнӣ дар самти сайёҳӣ, экологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ, тиҷорат, табобатию этнографӣ ва туризми кӯҳнавардӣ хеле қулай мебошад. Инчунин, дар ноҳия шумораи масҷидҳо, кушкҳо, ғорҳо, мавзеъҳои таърихӣ, қалъаҳо зиёд буда, таърихи қадимаю бой доранд. Ба мутахассисон супориш дода шуд, ки таърих ва осори онҳоро омӯхта, ҷамъоварӣ намоянд. Ҳамзамон, харитаю сомонаи махсуси сайёҳӣ ташкил карда, китобу суратҳои роҳбалад, «буклетҳо» нашр ва барои боз ҳам таҳким бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва барои сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ маблағи муайян ҷудо шуд.
Он рӯз дур нест, ки ноҳияи Айнӣ дар ин соҳа низ ба дастовардҳо ноил гардида, хатсайрҳои нав ба нави сайёҳӣ ташкил меёбад ва шумораи сайёҳони ватанию хориҷӣ бамаротиб афзуда, ноҳия ба таври бояду шояд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда мешавад.
Бобоҷони НУРЗОД,
шоир аз деҳаи Вотаи
ноҳияи Айнӣ