Ҳамчу оина дари дидаи худ во дорем…
- Details
- Published on Wednesday, 14 August 2019 08:49
Мегӯянд, ки боғбон, он шахсе дили софу дастони пок, нияти неку орзуву ормонҳои ширину фараҳафзо дораду заҳматаш, ранҷу кораш ба манфиати долу дарахтон, мардумон - хурду калонсолон самар меоварад, бино ба таъкиди донишманде ҳосилу мева, бори давлати замину хоку об эҳсони хуршед асту бар дилҳо нури моҳ бувад. Мисли ҳамин даврони соҳибихтиёрӣ, давлати соҳибистиқлол - Тоҷикистони биҳиштосоямон чун боғоти пурмеваю пурбор нашъунамо дорад, сарсабзу баҳороғӯш аст ва аз сарчашмаи сиёсати хирадмандонаву мардумпарварӣ, ҳувияти миллатдӯстӣ ва рисолати ватандории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯъ дорад, таровату фасоҳат, рангу нур мегирад. Шояд ташбеҳ мувофиқ ояд, ки як сифати самару ҳосили соҳибмустақилӣ ин вусъатпазирӣ, озодӣ ва кушоиши сайру саёҳат, ҷаҳонгардӣ ва баҳра бардоштан аз табиати нотакрор, обҳои софу ширини наҳру дарёҳои кӯҳӣ, мавзеъҳои хосу сабзпӯшу гулу гиёҳҳо, манзилу маконҳои таърихӣ - пурасрору тамаддунмаъонӣ, муоширати наслҳову қарнҳо, гуфтугӯйҳои самимиву шавқмандии сайёҳони чӣ дохилӣ ва чӣ беруна мебошад.
Миллати тамаддунсози тоҷик солҳои дур ҳамчун як халқи соҳибфарҳангу соҳибдонишу эҷодкори асил дар ҳаёт хешро мардуми ҷаҳонгарду саёҳатдӯст муаррифӣ намуда, ки таърих гувоҳ аст. Шоирону донишмандон, мутафаккирону файласуфони миллати тоҷик бештаринашон ҷаҳонгаштаву ҷаҳондида буданду дар қӯраи тамаддунҳо, фарҳангҳои мардумони олам нерӯмандӣ, устувории тафаккуру диди хос бардоштаанд, эҷод намудаанд, асарҳои мондагор аз худ мерос гузоштаанд. Устоди суханварони тоҷику форс, Малик – уш - шуарои Аҷам Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шайх Саъдӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Ҳоҷӣ Юсуфи Хуҷандӣ, устод Мирзо Турсунзода шахсиятҳои фозили ҷаҳонгард буданд, дидаву эҷодашон, суханашон аз наҳри сабоҳати инсонӣ баҳра гирифтааст. Эҷоду осори онҳо сарчашмаи ғановати тамаддунҳо дониста шудаанду боз солҳои тӯлонӣ дар ҳамин сатҳ қарор мегиранд.
Ба навиштаҳои онҳо зеҳн мемонему маънӣ мегирем, ки ин қабил мутафаккирони мумтози тоҷик аз сайру саёҳати олам саодатмандӣ, фараҳмандӣ ва дилбастагӣ ба ҳаёту зиндагӣ, маросиму ойинҳои хоси мардумон, табиату обу ҳавои кишварҳо дошта, худро накӯном гардонидаанд ва ба таъбире «ғунчаи гулро ба нафас бикшодаанд». Аз ҷумла, донишманд, орифи ҷаҳонгард Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҳаёту зиндагӣ ва сокинони маконе чунин тасвирот намудааст:
Бӯе зи зулфи он маҳ бигзашт дар ду олам,
Зарроти кавн аз он бӯй масти май уфтоданд.
Чандин ҳазор бедил аз бӯи он саодат,
Дилҳо нисор карданд, ҷонҳо ба бод доданд…
Донишманди ҷаҳонгард Носири Хусрав дар вақташ ба сафари ҳафтсола мебарояд, қариб ҳамаи асарҳояшро дар Хуросон - пас аз сафар навиштааст. «Сафарнома» - и ӯ асари насрӣ буда, он аҳамияти бадеию таърихӣ дорад ва нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, айнан баён намудааст. Ҳакими ҳамадон дар асараш манзараҳои табиати кишварҳои гуногун, анъанаҳои мардум, ободии шаҳрҳоро муфассал баён кардааст, ки хеле ҷолиб аст.
Чунонки дар боло ишора намудем, барои сайру саёҳат ва омадурафти меҳмонон ба сарзамини тоҷикон ду неъмати пурбаҳо ва меваи боғоти таърихӣ - Истиқлолияти давлати миллӣ ва Ваҳдати хоси тамаддунсози миллӣ шароиту имконияти мувофиқу мусоид фароҳам гардонидааст. Ҳамаи ин имконоту шароит дар партави сиёсати оқилонаву ҳидоятҳои ҳадафманду вусъатободи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардидаву сайру саёҳат дар кишвари тоҷикон комил, болиғ шуд, рушд пазируфт ва Тоҷикистони зеботабиату хушобу хушҳаво дар сатҳи ҷаҳонӣ сайру саёҳат шинохта гардидааст. Хушбахтӣ, саодатмандӣ ва ҳувияти таърихиву миллӣ доштани ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст.
Ҳамагӣ чанд рӯз қабл, яъне 2 - юми августи соли равон болидарӯҳии мардуми кишвари саодатмандамон боз ҳам болиғ эҳсос шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дараи афсонавии нотакрори Ромит Маҷмааи сайёҳии «Арху» - и назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдатро бо меҳмонхонаи замонавии хоси тоҷикӣ мавриди истифода қарор доданд. Ин ҷо дар асоси маълумоти муътамад зикри онро салоҳ донистем, ки иншооти мазкур чӣ тарҳу чӣ услуби хос дорад, кадом маъниро ифода месозад. Ҳамин тавр, меҳмонхона навбунёд аст, он аз панҷ ошёна иборат буда, дар мавзеи хушманзара ва канори дарёи пуртуғёни Арху қомат афрохтааст. Дар ошёнаи якуми бино нишастгоҳ, ҷои қабули меҳмонон ва ошхона барои панҷсад нафар мавҷуд мебошад, ки дар он тамоми шароити замони муосир муҳайё гардидааст.
Чаҳор ошёнаи дигар барои истироҳати меҳмонон пешбинӣ шуда, ҳама ҳуҷраҳо бо рахти хоб, телевизору дигар шароити зарурӣ муҷаҳҳазанд. Меҳмонхона имкон дорад, ки дар як вақт ба ҳафтод нафар сайёҳ, меҳмон хизмат расонад. Дар дохили ҳуҷраҳои он ҳаммом бо буғи хушк ва тар, сауна ва таҷҳизоти варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иншооти бузурги сайру саёҳат дар доираи омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, кушоду барҳаво, ҳуҷраҳояш барои истироҳат яке аз дигаре бо шароит ва тарҳи хосса фарқ мекунад.
Дар деҳоти дурдаст муҳайё намудани чунин шароити истироҳату фароғат ин самараи сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон аст. Иншооти сайёҳӣ, истироҳативу фароғатӣ солиёни зиёд ба сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони диёрамон хизмати мусоид менамояд.
Боиси зикри махсус мебошад, ки бинои дуошёнаи қадима дар шафати рости дарёи Арху бо расму русум ва анъанаҳои ниёгони миллати тоҷик дар масоҳати яксаду шасту ҳашт метри мураббаъ бунёд шудааст, ки аз хусусиятҳои дигари маҷмааи мазкур маҳсуб меёбад. Деворҳои дохили бино бо сарулибос, ҳунарҳои дастӣ, аз қабили асбобҳои рӯзгор, чакану кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик ба таври хосса ва зебо оро ёфтааст. Аз ин хонаи ба таври тоҷикона ороёфта меҳмонон - сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд бо урфу одат ва шароити зисту зиндагонии мардуми тоҷик дар замонҳои гузашта шиносоии бештаре пайдо намоянд.
Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Маҷмааи сайёҳии «Арху» моҳи апрели соли дуҳазору ҳаҷдаҳ дар доираи аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида буд ва давоми беш аз як сол бо ҷалби зиёда аз сесад нафар кормандону мутахассисони ватанӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сатҳу сифати баланд ба итмом расидааст. Маҷмааи нотакрори сайёҳӣ дар масофаи ҳафтод километр дуртар дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат қарор дошта, масоҳати умумиаш бисту се гектарро дарбар мегирад ва иншооти дар ҳудудаш сохташуда ҳазору панҷсад метри мураббаъро ташкил додааст. Иншооти хеле бузург ва қиёснопазир падид омада, аз нерӯи созандагии мардуми сипосманду ғайратманди тоҷик шаҳодат аст.
Бо чашми дилу ақли басар дидаву эҳсос менамоем, ки ободониву бунёдкориҳои ҳадафмандона дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакатамон, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамгардонии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сайёҳони ватаниву хориҷии манотиқи Тоҷикистони зебоманзар ба ҳисоб меравад.
Натоиҷи ниҳоии корҳои ободонӣ ва тадбирҳои созанда дар чӣ зуҳур мекунад? – Пеш аз ҳама, дар ҷалби бештари ҷаҳонгардон - сайёҳон, меҳмонон ба Тоҷикистони озоду фирдавсмисол, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар нимсолаи якуми соли дуҳазору нуздаҳум дар вилоят шаш ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфтаву бист хатсайри тозаасоси сайргардӣ роҳандозӣ гардиданд, ки аз рушди ин соҳаи муҳими иҷтимоиёту иқтисодиёти замони муосир далел буда, аз вазифагузориҳо ва дастурҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода асос мегирад. Воқеан, имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд. Молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, туҳфа ва амсоли инҳо мавқеъ пазируфтааст. Ин аст, ки ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ҳунармандӣ - рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат бисёр муҳим арзёбӣ гардидааст, ки он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии оилаҳои косибӣ - ҳунармандӣ сабаб гардидааст. «Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст», - иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар оғози мақола ишора намудем, ки аслан, миллати тоҷик аз қадимулайём дӯстдори сайру саёҳат ва фарҳанг мебошад, бахусус наврасон ва ҷавонон дар роҳи пайдо кардани маълумоти беш аз таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба боздиди ҷойҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ завқи баланд ва хоҳиши зиёд доранд. Барои ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» мусоидат менамояд. Дар ин марҳалаи сол - яъне шаш моҳ шумораи ҷойгиркунии сайёҳон, меҳмонони вилоят дар осоишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо ба чилу шаш ҳазор нафар бештаре расонида шудааст, ки аз ин ҳисоб зиёда аз сию нӯҳ ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ - аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи Марказ мебошанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба ҳамин даври соли гузашта саду яку се дарсадро ташкил медиҳад.
Вожаҳои «деҳот», «сайёҳӣ», «ҳунарҳои мардумӣ» тавъами ободгарӣ, созандагӣ ва зебоиофаранд. Биноан, тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои қадими бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии хеш ҳиссаи арзанда гузоштаанд ва мегузоранд. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодатанд, ки бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик далолат бар он медиҳанд: пеши назарҳо ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол аст онро тоҷикон то замони мо овардаанд. Ё худ, нафақат овардаанд, балки нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, дар ҳунарҳои мардумӣ инъикос кардаанд. Аз ин лиҳоз, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқамон ифтихори миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ шинохта мегардад.
Сайёҳиву ҷаҳонгардӣ ин пайванди ҳаёт, нишони зиндагӣ ва эҳсоси муҳаббати инсонист, дӯстиву дӯстдорист, оини садоқату эҳтироми ҳам меҳмон ва ҳам мизбон аст. Ба факту рақамҳо рӯй меоварем: дар шаш моҳи аввали соли равон тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба вилоятамон беш аз сесаду шасту се ҳазор нафар шаҳрванди хориҷи дуру наздик бо мақсадҳои тиҷорат, сайёҳӣ ва меҳмонӣ ташриф овардаанд. Онҳо аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо буданд ва дар қиёс нисбат ба соли қаблӣ афзун, аз ҳисоби ширкатҳои сайёҳӣ ба амал оварда шудаанд. Сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур дуҳазору дусаду ёздаҳ нафарро ташкил доданд, ки назар ба соли гузашта бисту ҳафт фоиз зиёд мебошанд.
Хулоса, тадбирҳо андешида мешаванд. Нафақат андешидан, балки барои иҷрои онҳо камари ҳиммат бояд бибаст.
Ва дар интиҳо: бо фараҳмандӣ аз гулшани дидори сайру саёҳату ҷаҳонгардӣ чидем гуле…
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон