Саҳна ҷойнамози ҳунарманд аст!

Афзалшои Шодӣ мухлисонашро санаҳои 7-8-уми август дар шаҳри Хуҷанд интизор аст!

Чанд рӯз аст, ки ҳунарманди маҳбуби кишвар дар шаҳри Хуҷанд машғули машқу тамрин мебошад ва ба консерти навбатии хеш, ки санаҳои 7-8- уми августи соли равон, соати 17.30 дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

 Ин аввалин консерти Афзалшои Шодӣ баъд аз беморӣ ва табобат дар Олмон аст.

Афзалшои Шодӣ мутаассиф аст, ки консерти хешро дар шаҳри Хуҷанд бинобар беморӣ дар вақташ баргузор карда натавонист. Ӯ мегӯяд, ки бемории ногаҳонӣ боиси ба таъхир афтодани консерт шуд.

 Ва тӯли беш аз 70 рӯзе, ки дар Олмон бо табобат машғул буд, ҳамеша  Тоҷикистонро ёд ва муҳаббати мардумро эҳсос мекард.

-Айни ҳол табобати ман ба пуррагӣ анҷом наёфтааст ва санаи 17-уми август бояд барои ҷарроҳии навбатӣ дубора ба Олмон равам. Аз он сабаб, ки ба мардуми Хуҷанд ваъдаи сахт дода будам, консертро баргузор хоҳам кард. Табибон иҷозати суруд хонданро доданд, аммо зиёд на. Ин аст, ки барномаи фарҳангии мо фақат дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, дар шаҳрҳои дигар баъд аз итмоми табобат ҳунарнамоӣ хоҳем кард. Сарбаландам, ки ба муҳаббату садоқати мардуми азизам сазовор гаштаам. Ман ин  муҳаббатро ҳангоми  бемор буданам ва дар хориҷа табобат гирифтанам сахт эҳсос кардам, мегӯяд ин ҳунарманди маҳбуи тоҷик.

Дар консерти навбатӣ мухлисони Афзалшоро суруду оҳангҳои нав интизор аст.

-Ҳангоми бемориву ғурбат чанд суруди нав эҷод шуд, ки аввалин бор дар консерт хонда хоҳад шуд. Воқеан саҳна ҷойнамози ҳунарманд аст ва ду қувваи бузург Худову халқ ҳамеша дастгири ман буданду ҳастанд, ман бо инояти Худованд ва дуои пайвастаи мухлисонам шифо ёфтам. Аз ин муҳаббату самимият сафарозу сипосмандам,-  мегӯяд ҳофизи мумтози тоҷик.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh