Китобхона оё чунин аст?!
- Details
- Published on Thursday, 01 August 2019 11:28
Тоҷикон аз азал соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба лавҳу қалам арҷ гузошта, онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд. Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро ҳамчун сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, устоди беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор медонист.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ зиёд гардида, баҳри ба мутолиаи ҳарчӣ бештари китоб ҷалб намудани хонандагон корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад. Аз ҷумла ворид гардидани китобҳои нав, дар байни хонандагон ташкил намудани озмунҳои гуногун яке аз василаи ҷалби хонандагон ба шумор меравад. Соҳои 2019- 2021 дар ҷумҳурӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз ин рӯ имрӯз дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён доранд. Вобаста ба ин сол мо кормандони рӯзнома низ тасмим гирифтем, ки аз минтақаҳои гуногун мавод омода сохта, дар саҳифаи рӯзнома дарҷ намоем. Сафари кории мо ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров басо хотирмон буд. Зеро манзараҳои дилфиреби гирду атрофи ин диёр касро моту мабҳут месозад. Мо аз аксар соҳаҳои хоҷагии халқ дидан намудем. Аммо як чиз моро хеле рӯҳафтода намуд. Ин ҳам бошад, вазъи китобхонаи Ҷамоаи деҳоти Овчиқаълача аст. Китобхона дар дохили бинои кӯдакистони №13, дар як ҳуҷрачаи хурдакак ҷойгир шудааст. Бино ба гуфти мудири китобхона Муаттарахон Тӯхтаева китобхона дорои 2450 нусха, китоб буда, хонандагони зиёд дорад. Имрӯз мудири китобхона се нафар: Қодиров Абдусамад, Фаррухҷон Шарифов ва Муаттархон Сангиноваро ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» омода намуда истодааст.
Фаррухҷон зимни суҳбат иброз намуд, ки ҳамроҳи муаллима Тӯхтаева ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ...» тайёрӣ дида истодааст. Фаррухҷон дӯстдори адабиёти бадеӣ буда, асарҳои нависандагон Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзодаро беҳад дӯст медорад. Ҳамзамон дилбастагиаш баъди мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ ба асарҳои Шекспир, Пушкин, Горкий, Эрнест Хемингуей рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Бояд зикр сохт, ки дар китобхона китобдор доир ба тамоми санаҳои таърихӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб додааст. Аммо дар китобхона ду моҳ бештар инҷониб набудани нерӯи барқ боис шуда истодааст, ки теъдоди хонандагон дар ин марҳалаи доир гардида истодани озмуни ҷумҳуриявӣ торафт коҳиш ёбад.
Дар соле, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати китоб дар ҷомеаи имрӯзаи мо хеле боло рафтааст, дар як ҳуҷраи тангу тор ва бебарқ ҷой додани китобхона хеле нигаронкунанда аст. Ҳамзамон дар соле, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор шуда истодааст, дар чунин ҳолат хизматрасонии китобхонаи Ҷамоат хеле боиси таассуф аст. Аз вазъи ногувори китобхона, дар чунин ҳолат, бебарқу дар як бинои торик ҷойгир будани китобхона оё масъулини раёсати фарҳанги ноҳия огоҳӣ дошта бошанд? Оё ин муносибат беэътиборӣ ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти кишвар нест?
Мақсад аз иншои мавод ҷустан ва ба қалам додани камбудиҳо набуда, балки ҳадафи асосии мо он аст, ҳоло, ки вобаста ба эълон гардидани озмуни сатҳи мамлакат эътибори бештар баҳри беҳтаргардонии шароити китобхонаҳо ба миён омадааст, аз ин имконияти мусоид ба манфиати сокинони маҳалли худ истифода барем. Дар ҳоле, ки мардуми Ҷамоати Овчиқалъача, чунонки эҳсос намудем, чи хурду чи бузург, хеле маърифатдӯсту китобхон будаанд.
Тавре ба мо раиси ҷамоат изҳор дошт, дар рӯзҳои наздик тадбирҳои мушаххас андешида ва камбудии ҷойдошта дар китобхона бартараф хоҳад гашт. Мо низ ба ин умедворем ва пайгири вазъ хоҳем шуд.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
«Ҳақиқати Суғд»