Таътил чӣ гуна мегузарад?

Ҳамасола баробари фаро расидани таътили тобистона мушкилоти чӣ тавр гузаронидани он байни кӯдакон муаммоеро пеш меорад. Ин мушкилӣ кӯдакону наврасони ноҳияи Деваштичро низ дунболагир аст. Аз 100 нафар хонанда 1 ё 2 нафари дар урдугоҳҳои истироҳатӣ таътилро мегузаронанд. Имрӯз дар урдугоҳҳо ҳар гуна бозиву мусобиқаҳои таълимиву тарбиявӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар ин ҷойҳо кӯдакон ба худ дӯстони нав меёбанду ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд.

Мо ба ду деҳаи ноҳия рафта, аз волидони хонандагон пурсон шудем, оё фарзандонашонро ба урдугоҳ ва ё ягон ҷои дигари истироҳатӣ мебаранд? Аз 150 нафари онҳо аксарият як посух доданд: "Дар деҳа ҳозир вақти кор. Чӣ кор мекунанд истироҳатро?!" Бегмаҳмад Бегов - директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 гуфт: "Дар ташаккулу тарбияи хонандагон меҳнат низ нақши асосиро мебозад. Кӯдаконро аз хурдсолӣ ба меҳнат одат кунонидан зарур аст.

Дар таътил хонандагон вақти пурраи худро дар саҳро мегузаронанд. Ба ҷои он, ки ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул шаванд, кори вазнини ҷисмонӣ карда, соли хониши навро бо як рӯҳияи хаста пешвоз мегиранд”.

М. Ҳақназарова модари се фарзанд мегӯяд: "Мехоҳам фарзандонам дар оянда соҳиби касбу кор шаванд. Пушаймонам, ки фарзанди калониамро аз дарсҳо ҷавоб гирифта, ба кори саҳро мебурдам. Ҳозир ӯ баробари фарорасии фасли баҳор ба Россия барои кор меравад. Акнун ду фарзанди дигарамро ҳеҷ вақт аз дарс намемононам, то мисли бародарашон азоб накашанд".

Дар ноҳияҳои дигар низ ин мушкилот вуҷуд дорад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки аксари онҳо баъд аз ба камол расидан рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд.

Дар ҳақиқат, ҳама пешравиву хурсандии мо сарчашма аз меҳнат аст. Аммо, барои кӯдакон бошад, ҳоло вақти истироҳату хондан ва кам - кам меҳнати сабук аст. Насли калонсолро месазад, ки барои ташаккулу нумӯи насли наврас саҳми худро гузоранд, то фардо кӯдакону наврасони мо мисли онҳо оҳи афсӯс накашанд.

Дар байни мардум ақидае ҳаст, ки мегӯянд: "Мон даврашро ронда гирад, фардо ё пасифардои дигар ин рӯзҳоро ёд мекунад". Пас, кӯдаконро на ба саҳро, балки ба хондан машғул созем. Имрӯз марказҳои забону ҳунаромӯзӣ фаъолият мекунанд. Кӯдакону наврасон дар он ҷо ҷаҳони навро барои худ кашф мекунанд.

Таътил гуфта, хонандагон набояд аз омӯзишу мутолиа дур шаванд. Мутафаккири ҷопонӣ гуфтааст: "Таътил кори майнаи сарро суст менамояд, аз ин рӯ, онро бояд ҳамарӯза машқ диҳему пайваста биомӯзем. Агар аз болои худ як рӯз кор накунем, чанд маротиба аз ҷаҳон қафо мемонем. Мо бояд дар ҳаракат бошему фикрамонро доимо ташаккул дода истем".

Ҳафиза БЕГОВА,
Рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh