Марҳалаи нави ободӣ ва рӯзгори пурфайз
- Details
- Published on Monday, 15 July 2019 10:40
Сокинони мушкилписанди деҳаҳои ноҳияи куҳанбунёди Айнӣ дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва барои боз ҳам шоиста намудани рӯзгори хеш талош меварзанд. Ҳадафи ин иқдом рушди ҳаматарафаи Тоҷикистон, шоистагии рӯзгори мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити хуб дар соҳаҳои тандурустию маориф, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ аз вазифаҳои аввалиндариҷа мебошад. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти дав- латии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бояд 493 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шаванд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Айнӣ байни ду тунел - “Шаҳристон” ва “Истиқлол” қарор дорад ва бо кушода шудани онҳо равуои сокинон афзудааст. Ноҳия аз ҳашт ҷамоат иборат буда, дар қаламрави он зиёда аз 84 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебарад. Ҳар як деҳаи он табиати пурасрор, кӯҳҳои осмонбӯс, иқлими гуворою муътадил, манзараҳои нотакрор, урфу одат ва анъанаҳои қадимӣ дорад.
Имрӯз деҳаҳои хурду калони ноҳия бо самараи сулҳу ваҳдат ва иқболи Истиқлолият намуди зоҳирии худро ба куллӣ дигар намудаанд. Дар ноҳия 67 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатию хонаҳои фарҳанг, китобхонаҳо, чойхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, бозорҳо ва ғайраҳо дар хизмати аҳолӣ буда, аксари онҳо аз нав сохта ва ё тармим шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин дастур доданд: “Зарур аст, ки дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишину деҳаҳо якҷоя бо соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша бунёди боғу гулгаштҳо, маркази истироҳатию фароғат, майдону толорҳои варзишӣ ва дигар корҳои ободонӣ дастаҷамъона идома дода шавад”.
Ин талабот ва дастури Пешвои миллат дар деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон ба бор овардааст. Устодон, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаи Лангари Ҷамоати деҳоти Урметан баҳри ободии деҳ камари ҳиммат баста, зиёда аз 1000 метри квадратии саҳнаи муассисаи таълимии маҳалларо бо маблағи 18000 сомонӣ сементпӯш карданд. Боиси қайд аст, ки аз чунин иқдоми наҷиб Музаффар Солеҳов якҷоя бо волидону хонандагон ва омӯзгорон тасмим гирифт, ки дар корҳои ободонии маҳал ва муассисаи таълимӣ саҳми арзандаи хешро гузорад. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳо дар муддати кӯтоҳ таъмири варзишгоҳ, синфхонаҳо, сохтмони ошхона ва ҳатто оби нӯшокӣ дар дохили муассиса ба анҷом расонида шуд.
Дар деҳаи Такфони Ҷамоати деҳоти Анзоб бо ташаббуси раиси хоҷагӣ Некмуҳаммад Саидов, раиси комитети маҳал Мулломунаввар Сафаров дар як муддати кӯтоҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, роҳи мошингарди байни деҳа ва чанд ҷойҳои ҷамъиятию таълимӣ навсозӣ карда шуданд. Сокинони деҳаи Вотаи Ҷамоати деҳоти Урметан 24 ҳазор сомонӣ ҷамъ оварда, гирди қабристони деҳаро бо соруҷ сангдевор карда, дарвоза насб намуданд. Инчунин, сокини деҳа Иззат Рустамов барои сохтмони ошхонаи мактаби рақами 54 - ум 3000 сомонӣ сарф намуд. Инчунин, Бадалмаҳмад Раҷабов аз ҳисоби худ ба мактаб дарвозаи оҳанинеро туҳфа кард.
Мӯйсафеди барӯманди деҳаи Ревад Баҳориддин Амаков дар талу теппаҳои деҳаҳои Ревад ва Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан дар майдони 20 гектар боғ бунёд кардааст.
Ноҳияи Айнӣ барои ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳию деҳот ва илмию мардумшиносӣ захираҳои зиёд дорад.
Ёдгории Саразми бостонию манзараҳои Фон, кӯлҳои Марғузор, Аловиддин, Кӯли Калон, маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал, қадамгоҳи орифи бузург Шамси Табрезӣ, Манори Варз ва Искандаркӯли афсонавӣ дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро мафтун намудаанд. Дар водии дарёи Шинг бошад, кӯлҳову марғузорҳо ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранги хоси хеш ва зебоӣ фарқ мекунанд. Мо шоҳиди он будем, ки чанде пеш табиатдӯстон - гурӯҳи сайёҳон аз Англия, Франсия, Швейтсария, Россия пас аз саёҳати шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент барои дидани кӯли афсонавии Искандаркӯл ба ноҳияи Айнӣ омаданд.
Инчунин, дар ноҳия барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва густариш додани ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳо андешида шудааст. Вобаста ба талаботи рушди сайёҳӣ дар деҳаҳо касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сабадбофӣ, намадсозӣ, танӯрсозӣ, устохонаҳои табару кордсозӣ ва умуман олоти рӯзгордорӣ ташкил шудааст.
Ҳунарҳои қадимаи атласбофӣ, адрасбофӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, рағзабофӣ ба роҳ монда шуда, аксар занону духтарон ба буҷаи оила маблағ ворид мекунанд.
Бобоҷони Нурзод,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии
Тоҷикистон, ноҳияи Айнӣ