“Девон”-и Алишери Навоӣ
- Details
- Published on Tuesday, 02 July 2019 10:34
Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 370 адад китобҳои нодир, ки ба давраи мухталифи таърихи халқи тоҷик тааллуқ дорад, ҷамъоварӣ ва харидорӣшудааст. Дар радифи ин китобҳои нодир “Девон”-и Алишери Навоӣ мавҷуд аст. Навъи хат настаълиқ буда, яке аз дастхатҳои қадим ба ҳисоб меравад. Китоб аз 238 саҳифа, 119 варақ ва дар як варақ 10 сатр китобат шудааст. Нусхаи мазкур комил ва аз нигоҳи коғазшиносӣ арзиши баланд дорад ва гумони ғолиб бар он аст, ки нусхаи муаррифишаванда аз нусхаҳои беҳтарин ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки Алишери Навоӣ аз зумраи шоирони забардаст буда, инчунин шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад ва дар таърихи адабиёти тоҷику ӯзбек нақши муассир дорад. Ӯ бо ғазалҳои нобу ошиқонааш дар асри хеш ва пас аз он саҳми назаррасеро соҳиб гаштааст.
Мавҷуда БОЙМАТОВА,
корманди илмии шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”