Тарҷумаи “Маҳбуб – ул - Қулуб” - и Алишер Навоӣ
- Details
- Published on Monday, 01 July 2019 15:54
Чанде пеш бо ташаббуси академик Кароматулло Олимов «Маҳбуб - ул қулуб» - и Алишер Навоӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тавассути нашриёти «Ирфон» дастраси хонандагон гардид.
Асосгузори адабиёти классикии ӯзбек Алишер Навоӣ аз чеҳраҳои намоёни адабиёт ва сиёсати асрҳои ХIV - ХV дар замони ҳукмронии Темуриён мебошад.
Аз асарҳои Навоӣ, аз ҷумла «Маҳбуб – ул - қулуб» авзои замон ва фитнаҳои дарбор, манфиатҷӯию бадхоҳии мансабталабон, бесалоҳиятӣ, майпарастӣ ва бебандубории Султон Ҳусайн Бойқаро ба назар мерасад.
«Маҳбуб – ул - қулуб» миёни доираи адабии Хуросону Мовароуннаҳр машҳур будааст. Нусхаи хаттии ин асар дар китобхонаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва кишварҳои дигар маҳфуз буда, хушхат аст ва ороиши зебо дорад. Аз ҷумла, дар нусхаҳои дастхати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нусхаи ин асар мавҷуд аст. Соли таълифи асар 906 - уми ҳиҷрии қамарӣ буда, аз ҷумлаи охирин асарҳои Алишер Навоӣ мебошад.
Он аз ҷиҳати услуб ва тарзи баён то ҳадде ба «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ монанд буда, Навоӣ таҳти таъсири китобҳои мазкур асари худро эҷод кардааст.
«Маҳбуб - ул қулуб» - ро аз забони туркии чағатоӣ - ӯзбекии қадим, аз рӯи нусхаи чопи кириллии соли 1966 - уми Тошканд, академик Кароматулло Олимов ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда, таъкид месозад, ки ин асар бо он веҷагӣ, ки танқиди шадиди иҷтимоӣ дорад, аз «Гулистон» ва «Баҳористон» фарқ карда, Навоӣ гурӯҳҳои гуногуни аҳолиро бо хислатҳояшон тасвир намуда, ба онҳо баҳо додааст.
Асар аз се қисмат иборат аст ва ҳар яки он чандин фасл дорад, ки дар ҳар фасл аҳволу афъоли гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ аз ҷиҳати мақоми иҷтимоӣ ва хислатҳои мушаххаси он тасвир ва тавсиф шудаанд.
«Маҳбуб – ул - қулуб» асари тарҷумаҳолист, ки дар баробари нақли ҳаёти муаллиф баёнгари ҳаёти иҷтимоии замони нависандаи асар мебошад.
Дар асар Навоӣ чун мунаққиди ҷасур аз давлат ва давлатдории Темуриён маълумот дода, дар бораи подшоҳони золим, вазирону ноибони тороҷгару ноинсоф, судурон ва соҳибмансабони ҳукумат, ҳамзамон шоирону нависандагон, паҳлавонону ҳунармандон, санъаткорон, тоҷирон ва бисёр дигарон маълумоти дақиқ пешниҳод карда, фикру андешаи хешро баён доштааст.
Академик Кароматулло Олимов ҳадафи тарҷумаи «Маҳбуб – ул - қулуб» - ро ошно кардани хонандагони тоҷик бо ин асари мутафаккири бузург унвон кардааст, ки хидмате дар таҳкими робитаҳои илмӣ ва адабии ду халқи ҳамсоя ва бародар мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»