Ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим шуд

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ташриф оварда, бо фаъолияти ин боргоҳи ҳунар шинос гардид.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо ҳунармандони театр ва кормандони соҳаи фарҳанг аз таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳа ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои рушди соҳаи фарҳанг аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳо қасрҳои фарҳангиро бунёд ва таъмиру азнавсозӣ менамояд. Танҳо дар чанд соли ахир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Ашт, Айнӣ, Шаҳристон, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва дигар минтақаҳои вилоят кохҳои муҳташами фарҳангӣ бунёд карда шуд, ки бешубҳа ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ бо асбобу лавозимоти зарурӣ низ дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.

Сипас, бо назардошти эҳтиёҷи муассисаи фарҳангӣ дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони ин боргоҳи ҳунар мошини хизматии "Мercedes Sprinter" тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh