КАРИМОВА САОДАТ
- Details
- Published on Friday, 27 May 2011 15:33
Каримова Саодат 3-юми августи соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1973, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, бахши журналистӣ дохил гашта, соли 1978 онро хатм кардааст.
Солҳои 1978-79 омӯзгори ҳунаристони №56, шаҳри Хуҷанд, солҳои 1979-1983 муқими шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, солҳои 1983-84 дар комитети комсомолии вилоят фаъолият бурдааст.
Солҳои 1984-86 корманди Хонаи маорифи сиёсии вилоят, солҳои 1986-87 кор дар Ҷумҳурии Афғонистон, солҳои 1987-90 омӯзгори мактаби №26-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 1990-96 муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири телевизиони вилоят, солҳои 1996-98 раиси комитети телевизион ва радиои вилоят, солҳои 1998-2003 омӯзгори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2003-2008 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, аз соли 1998-2015 устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров буд.
Моҳи октябри 2015 Каримова Саодат аз олам чашм пӯшид.