Иштирокчиёни Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” консерти устодони санъати вилояти Суғдро тамошо карданд
- Details
- Published on Saturday, 22 June 2019 10:19
Бегоҳи рӯзии 21 июн дар Қасри Арбоб ба муносибати ташрифи меҳмонони Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” консерти устодони санъати вилояти Суғд намоиш дода шуд.
Чорабинии фарҳангиро ҳайатҳои расмӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштироккунандаи ярмарка, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Федератсияи Россия, Белорусия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, консулгариҳо тамошо карда, аз ҳунару фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷик ғизои маънавӣ гирифтанд.
Дар толори Қасри Арбоб дар қатори дигар меҳмонон ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Ғаниев, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар низ ҳузур доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд