Маросими гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нимаи дуюми рӯзи 21 июн роҳбарони ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Белорусия ва Қирғизистон, ки ҷиҳати иштирок дар Ярмаркаи VI байналмилалии савдо “Суғд-2019” ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд.

Меҳмонон - намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар ва муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳсинхуҷа Абдураҳмоновро дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh