Конибодом: Бозсозии яке аз мавзеъҳои таърихӣ

Мадрасаи Ойим, ки дар шаҳри Конибодом ҷойгир аст, яке аз ёдгориҳои нодири таърихӣ буда, ба асри ХVIII мансуб аст. Мадрасаи мазкур барои занҳо бунёд гашта, дар миқёси Осиёи Марказӣ дувумин мадрасаи занон маҳсуб меёфт. Тибқи сарчашмаҳо ин ёдгории нодири таърихӣ дар чаҳоряки якуми қарни ХVIII, солҳои 1824-1825 сохта шудааст. Мадрасаи мазкур аз тарафи домулло Мир-Олим ном донишманди он замон сохта шуда, номбурда ба мадраса номи духтараш Бибиойимро гузоштааст. Сарвари осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Конибодом Раҳмон Исмоилов иброз дошт, ки дар даврони Шӯравӣ давоми солҳои 1941-1970 бинои мадраса ба муассисаи таъиноти дигаре ба кор мерафт. Баъдан аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои шаҳр он таъмиру тармим гашт.

Боиси тазаккур аст, ки мадрасаи Ойим аз 25 ҳуҷраи гуногун ва ҳавлии калон иборат мебошад. Даромадгоҳи мадраса дар Шимол ҷой гирифта, ду тарафи онро бинои гумбаздор ба ҳам пайванд мекунад. Тибқи сарчашмаҳо дар мадрасаи мазкур то 200 нафар толибилм таҳсил мекард. Бо гузашти солҳои зиёд мадрасаи Ойим фарсуда гаштаву бинои он рӯ ба харобшавӣ ниҳодааст.

Соли 2017 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат”, ки дар шаҳри Конибодом фаъолият дорад, ба сафоратхонаи Амрико лоиҳа ҷиҳати барқарорсозии ин ёдгории нодири таърихӣ, яъне мадрасаи Ойим пешниҳод гардид. Лоиҳа аз тарафи сафоратхона дастгирӣ ёфт ва корҳои барқарорсозӣ аз ҳамон вақт инҷониб идома дорад.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” Мавлуда Боҳирова иброз дошт, ки маҳз нодир будани ин ёдгории таърихӣ онҳоро водор сохт, то ҷиҳати барқарорсозии он талош намоянд. Ҳоло дар бинои мадраса аз тарафи корхонаи “Канд-сохтмон” корҳои барқарорсозӣ ва таъмиру тармими сақфу бом, девор, гумбаз ва дохили ҳуҷраҳо ҷараён дорад.

Дар назар аст, ки моҳи феврали соли 2019 корҳои таъмир ва барқарорсозӣ дар мадраса пурра ба иҷро расад. Чунонки қайд намудем, барқаросозии бинои мадраса бо ташаббуси ташкилотии ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” ҷараён дошта, маблағи умумии лоиҳа 77 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ташкилот дар ҳудуди шаҳри Конибодом навтаъсис буда, он наздики 2 сол аст, ки дар самти анҷоми корҳои хайр ва дастгирии ниёзмандон, ҷалби ҷомеа ба мазӯъҳои мубрам ва талош баҳри рафъи муаммоҳои ҷомеаи имрӯза ва амсоли ин иқдомҳои манфиатбор фаъолият мебарад.

Дар ҳудуди шаҳри Конибодом, ки таърихи куҳану қадимӣ дорад, шумораи зиёди ёдгориҳои нодиру таърихӣ то имрӯз ҳифз шудаву боқӣ мондаанд. Ин мавзеъҳо давоми муддатҳои зиёд аз боду борон ва дигар офатҳо эмин монда, имрӯз муаррифгари ҷузъе аз таърихи ин мавзеи қадима маҳсуб меёбанд. Мадрасаи Ойим ҳам аз шумори ин гуна ёдгориҳост, ки ба он сайёҳони хориҷӣ низ таваҷҷуҳи хоса доранд.

Рустамбек АҲМАДЗОДА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh