Ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навсозӣ мегардад

Бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид баҳри рушди варзиши аспсаворӣ Ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров навсозӣ карда мешавад.

Лоиҳаи иншоот дар ҳузури Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ Шермуҳаммади Шоҳиён муаррифӣ карда шуд. Тавре иттилоъ доданд, ипподроми мазкур яке аз ҷойҳое маҳсуб меёбад, ки дар он ҳамасола бахшида ба Иди Наврӯз ва дигар санаҳои таърихӣ мусобиқаҳои миллии "Бузкашӣ" ва "Пойга" гузаронида мешавад. Навсозии ипподром имкон медиҳад, ки барои 10 000 нафар ҷойи нишаст ташкил гардида, ҳамзамон аспхонаҳо таъсис ёбанд.

Таъкид гардид, ки бо навсозии иншооти мазкур барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh