Сухан аз ганҷинадори “Ганҷи сухан”
- Details
- Published on Thursday, 29 November 2018 10:52
Санаи 20-уми ноябр зодрӯзи устоди зиндаёд профессор Абдулманнони Насриддин аст, ки ҳамасола аз ҷониби аҳли маҳфили “Ганҷи сухан” хоса таҷлил мегардад. Имсол 65-солагии профессор Абдулманнони Насриддин аст, аз ин рӯ, маҳфили навбатии “Ганҷи сухан” рӯзи зодрӯзи устод дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” баргузор гардид, ки ба ёдбуди бунёдгузори ин маҳфил бахшида шуд.
Ҷамъомадро роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, яке аз шогирдони беҳтарини профессор Абдулманнони Насриддин достент, адабиётшинос Тоҷибой Султонӣ бо хотираҳои сабзи худ аз зиндагиномаи устод ва шогирдпарварии эшон ба аҳли маҳфил нақлҳои ҷолиб намуд. Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар мавзӯи “Абдулманнони Насриддин – чеҳраи мондагори илму адаби тоҷик” маърӯзаи пурмуҳтаво намуд. Аз ҷумла, таъкид сохт, ки мактаби илмии Абдулманнони Насриддин на танҳо дар вилоят ва ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ шуҳрату обрӯи баланд дорад.
Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бо ёддоштҳои хеш маҳфилро файзи дигар бахшид.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона бо иродат ва муҳаббати хосе, ки нисбат ба устод Абдулманнони Насриддин дорад, суҳбати ҷолибе кард ва бисёр хотираҳои хубу самимиро пешкаши аҳли толор намуд. Шогирдони устод Абдулманнони Насриддин Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филологӣ Низомиддин Муродӣ, Адибаи Хуҷандӣ, донишманди маъруф Мирзо Шукурзода, шоир Нарзулло Азизиён ва инчунин номзади илмҳои филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ба сухан баромада, бо ҳарфҳои пурмеҳр ва ашъори тозаашон фазои маҳфилро шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дар фарҷом ба гузоришгарон ва меҳмонон туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят супурда шуд
Суруду оҳангҳои дилнавози сарояндагони “Нури Хуҷанд” ва факултети санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақтаи хубу хотирмоне ба маҳфили “Ганҷи сухан” гардид.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”