Рисолати инсон дар зиндагӣ
- Details
- Published on Tuesday, 27 November 2018 16:32
Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри нависанда ва публитсисти варзида Инъом Усмонӣ баргузор гардид.
Бобати китобҳои тозанашри нависанда Инъом Усмонӣ бо номи «Инъом Усмонӣ-нависанда ва публитсист» Тоҷибой Султонӣ сухан кард.
Ҳамчунин рӯзноманигор Карим Шариф дар бораи «Марди эҷодкор ва соҳибтадбир», оид ба «Тасвири фарҳанги мардум ва арзишҳои суннатӣ дар китоби «Ғозиёни ман» Нуралӣ Нурзод ва корманди китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Манзура Қайюмова андешаҳои хешро баён намуданд. Мулоҳизаҳо перомуни ҳусни нигорандагии Инъом Усмонӣ аз ҷониби Баҳром Мирсаидов ҷолиб ва шуниданӣ буд.
Дар «Ғозиёни ман» хотирот, ёддошт ва андешаҳои фарохи муаллиф дар бораи ҳаёти қаблии мардуми он маҳал ва мушоҳидаҳои зиндагӣ нақл шудааст. Китоби мазкур хонандаро бо дарки моҳияти ҳастӣ ва рисолати инсон дар зиндагӣ, маърифати некиву некӯкорӣ ва шинохти бузургии инсон раҳнамоӣ менамояд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки то имрӯз китобҳои «Бози болшикаста», «Баёзи розҳо», «Роҳи эҷодии Муҳиддин Хоҷазод», «Номаи ҳидоят ба фарзанд ва сарбози Ватан», «Худидоракунии маҳаллии даврони Истиқлолият ё худ раҳнамои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд»-и Инъом Усмонӣ дастраси мухлисонаш гардидааст.
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»