Шод кардан ҳунари волост

Рӯзи театри тоҷик дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри  Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Чорабиниро сардори Раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев ифтитоҳ намуда, кулли ҳунармандон, санъаткорон, ҳунарпешагони театрҳоро аз номи тамошобинон ва мухлисони санъати театр бо ин санаи ҳумоюнӣ шодбош гуфт. Қайд карда шуд, ки аз рӯи анъана ва назардошти табиати хоси санъати миллии тоҷик театр дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун театри драма, мазҳака ва сарчашмаи тарғибу ташвиқи савту навои классикиву халқӣ, ки он ҳамрадифи каломи саҳнавӣ-мусиқӣ низ мақому мавқеи бузург дошт, арзи ҳастӣ намуд. Дар даврони шӯравӣ Рӯзи театр бо қарори ЮНЕСКО санаи 27-уми май ҷашн гирифта мешуд. Дар даврони Истиқлолият бошад, маҳз бо дастур ва амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 7-уми ноябр ҳамчун Рӯзи театр 17 сол инҷониб дар кишвар ботантана ҷашн гирифта мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бори нахуст 7-уми ноябри соли 1929 Театри академикии ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷумҳурии Тоҷикистон дари худро ба рӯи тамошобинон боз намуд. Шурӯъ аз он санаи таърихӣ ҳунармандони театр  бо намоишномаҳои пурмазмуни худ ҳаёти иҷтимоиву маданӣ, сиёсиву иқтисодии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро манзури тамошобинон мегардонанд. Имрӯз дар кишвар 18 театри касбӣ, 14 театри халқӣ  фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз  ҳашт ҳазор нафар кор мекунанд.

Ориф Набиев ҳамчунин дар бораи фаъолияти ташкилкунандагон ва ҷонфидоёни театр аз солҳои аввали ташкилёбӣ  сухан карда, дар бораи муваффақиятҳои эҷодии ҳунармандони саҳна Ойдиной Усмонова, Мӯътабар Иброҳимова, Неъматҷон Дӯстматов, Маҳмудҷон Воҳидов, ҳошим Гадо ва дигарон, ки барои нашъунамои санъати миллӣ самимона кӯшиш мекарданд, ибрози ақида намуд.  Маҳз меҳнати бурдборонаи ин нафарон буд, ки дар театр муҳити созгори эҷодӣ ба вуҷуд омад ва ҳама бо ҷӯшу хурӯш ба кор камари ҳиммат бастанд, намоишномаҳои шавқовару ҷолиб рӯи саҳна омаданд.  Ва беш аз 80 сол инҷониб ҳунарпешагони театрҳои кишвар барои тарбияи зебоипарастӣ, ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани маънавиёти мардум пайваста заҳмат мекашанд.

Хушбахтона, дар озмуни ҷумҳуриявии «Чодари хаёл» театри лӯхтаки шаҳри Бӯстон сазовори мақоми аввал гардид. Нишони сарисинагии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор ҳунармандони асили соҳаи санъат: ҳунарпешаи Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳалимҷон Салимӣ, ҳунарпешаи театри давлатии тамошобинони ҷавон ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд  Валламатов Баҳодурхӯҷа, роҳбари театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен Ҷаббор Нуралиев, директори театри  драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Fайрат Қодиров, ҳунарпешаи Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон Нозимҷон Назаров, сарояндаи Театри давлатии мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт Нодирбек    Тошматов  тақдиронида шуда, ҳамчунин чанд нафари дигар Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардиданд.

Ҳунармандони Театри давлатии мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт бо намоиши порча аз асари саҳнавии «Гулпарӣ», ҳунарпешагони Театри драмаи мусиқии шаҳри Бӯстон бо порча аз намоишномаи «Во всём виновата любовь», ҳунарпешагони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон бо суитаи рақсӣ, ҳунарпешагони Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ӯзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен бо порча аз намоишномаи «Армон», ҳунармандони Театри  драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо порча аз намоишномаи «Оҳ муҳаббат», ҳамчунин ҳунарпешагони ҷавони Театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи «Табиби паррон» хотири тамошобинонро болидарӯҳ гардонданд.

Рӯзи Театри тоҷик бо сурудҳои пурмазмуну дилошӯби сарояндагони маҳбуб хотирмон анҷом ёфт.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh