Ҳафт мӯъҷизаи водии Зарафшон
- Details
- Published on Thursday, 01 November 2018 09:56
Ҳафткӯл мавзеъест, ки қариб ба аксарият ошно аст. Он иборат аз силсилакӯлҳоест, ки дар водии Зарафшон ҷой гирифтааст. Ҳоло ин макон яке аз минтақаҳои зебоманзару тамошобоб ва дилфиреб маҳсуб ёфта, ҳамарӯза ба он сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ баҳри истироҳату ва фароғат ва тамошо меоянд. Мавқеи ҷойгиршавӣ, иқлим ва манзараҳои аҷиби он воқеан ҳам диқ диққатҷалбкунандаву ҳайратовар аст.
Аз таърихи пайдоиши Ҳафткӯл
Доир ба пайдоиши ин кӯлҳо байни мардуми маҳаллӣ афсонаву қиссаҳои зиёде мавҷуданд, ки ин ҷо мехоҳам аз онҳо ёдовар шавам. Аз ҷумла мардуми деҳаи Рашнаи Поён, ки дар қисмати поёнии кӯли якуми ин водӣ, яъне Миҷгон ҷойгир аст, нақл мекунанд, замоне дар ин водӣ дар оилае ҳафт духтари зебочеҳра зиндагӣ доштаанд, ки дар ҳусну ҷамол беҳамто будаанд. Иттифоқо ҳафт дев мехоҳанд, ки ба висоли ин ҳафт духтари соҳибҷамол бирасанд. Духтарон бошанд, аз ин огоҳӣ ёфта, мехоҳанд, ки фирор намоянд. Девон онҳоро пайгирӣ мекунанд. Раҳораҳ духтарон аз Худованд мехоҳанд, то онҳоро аз дасти девони одамхор наҷот диҳад. Дуояшон мустаҷоб мегардаду ҳафт духтар ба ҳафт кӯл ва ҳафт дев ба ҳафт кӯҳ мубаддал мешаванд.
Воқеан ҳам дар канори ҳар як кӯли ин минтақа кӯҳ низ мавҷуд аст. Албатта, ин яке аз қиссаҳоест, ки мардуми деҳаҳои дар водии Ҳафткӯл буда ба пайдоиши кӯлҳо нисбат медиҳанд. Баъзеҳо пайдоиши ин кӯлҳоро ба ривояти дигар нисбат медиҳанд, ки он мазмунан чунин аст: дар водии мазкур ҳафт зебосанами моҳлиқову камонабрӯ, гесӯдарозу сарвқомат, хушлиқову хушсухан ва чун гавҳари ноёб зиндагӣ мекардаанд. Иттифоқо шоҳе аз ин ҷо мегузашт, овозаи ҳусну ҷамол ва камоли ҳафт гавҳарро мешунаваду дар дилаш майли висоли онҳо пайдо мешавад.
Ҳафт нозанин ин қарори шоҳро шунида, ба даргоҳи Худо муноҷот менамоянд, то аз чанги шоҳи золим раҳоӣ бахшад. Дуояшон мустаҷоб мешаваду ҳамагӣ ба кабӯтар мубаддал мегарданд. Ҳафт кабӯтари зебову нозанин дар ин водӣ шоду масрур мезистанд. Баъди чанде шоҳро дар дил ҳаваси шикор пайдо мешаваду дар шикоргоҳ қасди сайд намудани кабӯтаронро менамояд. Ин навбат ҳам кабӯтарон баҳри раҳоӣ аз чанги шоҳ дуову зорӣ мекунанду ба кӯл табдил меёбанд. Ҳамин тавр, ҳафт кабӯтари нозанин ба ҳафт кӯли зебову мусаффо табдил мегарданд.
Ҳафт кӯли ин минтақа чун ҳафт рамзи нотакрори водии Зарафшон, чун василаи шуҳрату эътибори минтақа, чун болидагии мардуми шарифу меҳмоннавози водӣ маҳбубият доранд.
Боби тамошову диданҳо
Кӯлҳои ин водӣ чунин ном доранд: Миҷгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма. Дар атроф ва ё соҳили аксарияти ин кӯлҳо деҳаҳо ҷойгиранд. Ҳар яке аз ин номҳо низ вобаста ба муҳит, табиат ва мавқеи кӯл гузошта шудааст.
Мардум мегӯянд, ки оби як кӯл ба кӯли дигар мерезад, қисман зеризаминӣ ва қисман чун дарёча ҷорӣ шуда, дар ниҳоят дарёи шӯху мусаффо ба водиҳо ҷорӣ мегардад, ки аз он ҳазорон нафар истифода менамоянд. Кӯли аз ҳама пасттарини ин водӣ дар баландии 1598 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, кӯли дуюм дар баландии 1701 метр ва ҳамин тавр ҳар кадоме аз кӯлҳо аз дигаре болотар ҷойгир шуда, яке аз дигаре зеботар аст. Тамошои кӯлҳои баландтар душвортар аст, зеро роҳи мушкилгузарест.
Аксаран сайёҳон пиёда роҳро тай намуда, дар соҳили кӯлҳо нишаставу аз тамошои он ҳаловат мебаранд. Аҳолии маскуни ин минтақаҳо ақида доранд, ҳар нафаре, ки ақаллан як маротиба аз тамошои Ҳафткӯл баҳра бигирад, тамоми умр хушбахт хоҳад буд. Кӯли охирини ин водӣ дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Кӯлҳои Марғузор ва бахусус кӯли Миҷгон бо ранги ғайриодии обашон хеле зебову ҷолиб ба чашм мерасанд. Акси осмони соф ва табиати атроф дар оби кӯлҳо воқеан ҳам манзараи тамошобобу диданиеро ба вуҷуд меорад.
Эълон гаштани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкон фароҳам меорад, ки баҳри инкишоф ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои туристии кишвар корҳои назаррас ба сомон расонида шаванд.
Рустамбек АҲМАДОВ,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Fафуров