Заҳмату ҳунар касро намояд номвар...

Бунёди корхонаву коргоҳҳо, таъмин бо ҷойи кори доимӣ ва мусоидат намудан ба беҳдошти некӯаҳволии мардуми кишвар яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ташкили сехҳои дӯзандагию бофандагӣ, қолинбофию зардӯзӣ, бо Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Раиси вилоят соҳиби маблағҳои пулӣ гардидани ҳунармандони кишвар ва вилоят низ яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи занҳо ва бонувон ба ҳисоб меравад. Яке аз гирандагони Гранти Президентӣ дар соли 2014 Нодира Мӯъминҷонова мебошад, ки тавонист маҳз бо ҳамин маблағ коргоҳи дӯзандагӣ ташкил намояд.

Солҳои аввали фаъолиятиро ӯ чунин ёдоварӣ мекунад: – Маро сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатамон дастгир шуду аз кӯи ноумедӣ наҷот дод. Ҳамон сол аз оилаам бо ду фарзанд ҷудо шуда будам. Кӯдакҳоямро, ки хеле хурд буданд, монда, барои кор ба Россия рафта наметавонистам. Маҳз, дар ана ҳамон давраҳои ҳассос ба худ азм кардам, ки корхонае бунёд намояму бо ҳунари аҷдодӣ - дӯзандагӣ зиндагии худро пеш барам, аммо барои бунёди сехи дӯзандагӣ маблағ лозим буд. Дар андеша будам. Соли 2015 барои бунёди корхона даҳ ҳазор сомонӣ Гранти Президентиро соҳиб шудам, ки он ба ман ба қавле, қуввату дармон гардид. Ҳамин маблағ роҳи ояндаи зиндагии маро муайян сохт.

Ду мошини дарздӯзӣ харидаму биноеро ба иҷора гирифта, ба дӯхтани либосҳои мактабӣ оғоз намудам. Корам ривоҷу равнақ ёфт. Соли 2016 бошад, бо маблағгузории Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сехи дӯзандагиро ифтитоҳ намуда, даҳ нафарро бо ҷои корӣ таъмин кардам. Беҳуда намегӯянд, ки ҳунар сармояи гаронест, ки онро ба ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз карда намешавад.

Дар ҳақиқат ҳунарманди асил бо касби хеш дар ягон давру замон ба касе ё чизе муҳтоҷ нест. Баъди ифтитоҳи коргоҳи хеш Нодира Мӯъминҷонова дар ноҳия дӯхтани либосҳои мактабиро ба роҳ монд. Азбаски сифати маҳсулоти омодакардаи ӯ баланд буд, талабгорони зиёде пайдо кард. Тасмим гирифт, ки дар моҳҳои мавсимӣ дар ду баст кор карда, мизоҷони худро бо маҳсули ҳунари хеш қаноатманд гардонад.

Нодира хеле шоду мамнун аст, маҳз бо дастгирию сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин рӯзи нек соҳиб шуд. Аз ин рӯ, дар мавсими омодасозии либосҳои мактабӣ «Аксияи пайравони Пешвои миллат»-ро гузаронида, 100 нафар хонандаи камбизоатро ройгон бо либоси мактабӣ таъмин намуд. Нодира, ки худ пастию баландии зиндагиро паси сар кардааст, кӯшиш менамояд, ки баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти мардум, дастгирии камбизоатони шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия ҳиссаи сазовор гузорад.

Ягона муаммое, ки имрӯз ба пешрафти кори бонувони ҳунарманд халал ворид месозад, набудани сехи дӯзандагӣ аст. Зеро онҳо дар ҳуҷраҳои иҷора фаъолият менамоянду ба қитъаи замин эҳтиёҷ доранд. Кумитаи амволи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки баъди соҳиби замин гардидани ин зани ҳунарманд барои бунёди сехи дӯзандагӣ кӯмак намояд.

Ҳунарманди дигаре, ки дар шаҳраки Шайдон коргоҳи дӯзандагиро ифтитоҳ намуд, Гулнора Неъматова мебошад. Ӯ сехи «Заррина»-ро ташкил кардааст. Гулнора дар коргоҳ, ки ба иҷора гирифтааст, чор мошини дарздӯзиро насб намуда, барои дӯхтану омодасозии либосҳои мактабӣ пардохт. Баъди ифтитоҳи сехи дӯзандагӣ 4 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намуда, дар оғози соли хониши нав мактабҳои №№18, 45, 39, 22, 9-уми Ҷамоатҳои деҳоти Пунук ва Ошобаро бо либосҳои ягонаи мактабӣ таъмин кард. Нархи либосҳои омоданамудаи Гулнора аз 110 то 150 сомониро ташкил медиҳад.

Оғози соли хониши 2018 Гулнора барои омодасозӣ ва таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ аз шаҳри Хуҷанд мутахассисонро ба кор ҷалб намуд ва зиёда аз ду моҳ дар ду баст фаъолият карданд. Ӯ нақша дорад, ки сехи дӯзандагии худро ифтитоҳ намуда, дар шаҳраки Шайдон ба омодасозии либосҳои ягонаи мактабӣ пардозад, то ин ки мардум барои харидани либоси мактабӣ сарсон нагарданд. Ин ҳунармандон умедворанд, ки рӯзҳои наздик соҳиби замин мегарданду коргоҳҳои худро бунёд намуда, баҳри таъмини фарзандони мардум бо либосҳои ягонаи мактабӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh