Сандалии ғайриодӣ

Аз қадимулайём мардуми тоҷик дар фасли сармо барои гармкунии хона сандалиро манбаи асосӣ медонистанд. Имрӯз бо мурури замон ва тараққиёти техника он қариб, ки аз байн рафта истодааст. Вале шахсони солхӯрда сандалиро аз тамоми гармкунакҳои барқию газӣ беҳтар медонанд, ки он дар ҳавлиҳои сокинони деҳот бештар истифода мешавад.

Исмоилхӯҷа Ҳомидов - истиқоматкунандаи маҳаллаи Ҳоҷиёни Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, сандалии бисёрвазифагиро ихтироъ ва дар ҳуҷраи истиқоматиаш истифода кардааст.

Ба гуфти ҳунарманд солҳои 2007-2008 ҳаво хеле сард гашту аҳли оилааш аз дуди ангишт заҳролуд шуданд. Бар замми он фарзандаш ҷарроҳӣ шуда буду табибон ба ӯ гуфтаанд, ки то беҳтар шудани саломатии фарзандаш набояд ҳавои хона ифлос бошад. Он солҳо, ки барқ бо маҳдудият дода мешуд, маҷбур гашт, роҳи ҳалли муамморо фикр кунад. Ӯ ба ихтирои безарари сандалӣ машғул шуда, ба мақсади хеш расид.

Дар асл аловдони сандалӣ ба як қуттие монандӣ дошта, он аз масолеҳи сохтмонии тунука сохта шудааст ва дуди ангишт тариқи дудкашак ба берун интиқол меёбад. Бино ба гуфти Исмоилхӯҷа сандалии сохтаи ӯ аз печи бухорӣ даҳҳо маротиба хубтару камхарҷ асту дар он ду роҳи дудбарои махсус ҷой гирифта, заҳри ангиштро берун мебарад. Ба дохили деги сандалӣ ангишту ҳезумро гузошта, бо сарпӯш болои онро мепӯшанд. Ин сандалӣ бисёр вазифаро иҷро карда, бино ба гуфти ҳунарманд аҳли оила онро сандалии сеҳрнок ном мебаранд.

- Ҳоло ӯ дар чанд ҳуҷрааш чунин сандалиро насб намудааст. Сандалии ихтироъкардааш вазифаи танӯру бухориро низ иҷро намуда, дар он нону хӯрок пухта мешавад.

Акнун дар ин сандалӣ ҳамсараш Умринисо ҳар рӯз нон мепазад. Пухтани нон дар сандалӣ таҷрибаи нав аст. Чанд сол мешавад, ки нонро дар фасли сармо на дар танӯр, балки дар сандалии дохили хона мепазанд. Нон дар муддати 20 – 25 дақиқа пухта, аз нони танӯрӣ фарқияте надорад. Агар дар танӯр то 20 дона нон пазад, дар сандалӣ бошад, як ё дутогӣ нон пухта мешавад.

Бино ба гуфти Умринисо ин ихтирои шавҳараш кори рӯзгордориашро осон кардааст. Ҳам хона гарм мешаваду ҳам нони гарм ва ҳатто, самбӯса ва сихкабоби болаззатро дар сандалӣ пухтан имкон ҳаст.

 Чунин сандалиро ҳунарманд дар ҳавлии чандин ҳаммаҳаллааш ва деҳаҳои дуру наздик насб намудаасту мегӯяд, ки имрӯз теъдоди хоҳишмандон ба он зиёд шудаанд.

- Шукри соҳибистиқлолӣ, ки имрӯз ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад ва ин ҳунарҳо аз нав зиндаву барои имрӯзиён муаррифӣ мегарданд. Насли наврасро дар рӯҳи ихтироъкориву ҳунармандӣ тарбият менамоем. Аз қадимулайём бо меҳнати пурранҷу ҳалол нон хӯрдан дар хуни миллати тоҷик ҷой шудаасту ин халқро бо ҳунари волояш мешиносанд, - мегӯяд Исмоилхӯҷа Ҳомидов.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh