Рӯи дӯст рӯзи моро офтоб аст!
- Details
- Published on Wednesday, 31 October 2018 09:32
Дӯстии байни ду халқи бародар - тоҷику ӯзбек аз умқи асрҳо сарчашма мегирад. Дар Бухоро қомат афрохтани мақбараи «Гӯри Мир»-и Исмоили Сомонӣ дӯстии байни ин ду халқро асрҳо мустаҳкам нигоҳ дошта меояд.
Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Ба он чашмони тоҷиконаву мижгони туркона.
Бо ин байти худ Мир Алишери Навоӣ ягонагии ин ду халқи бародару дӯстро 600 сол пеш бо меҳру муҳаббат сароидааст. Мо аз рӯзгори ду алломаи Машриқзамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба хулоса моем, ки байни онҳо ҳеҷ гоҳ ҷудоӣ набудаву бе дидори якдигар зиндагӣ карда наметавонистаанд.
Воқеан, ба сари қабри устоди худ Абдураҳмони Ҷомӣ фарсахи зиёдро пиёда, тай кардаву марсияи ҷонгудоз хондани Алишери Навоӣ мардуми ба ҷаноза омадаро гирёну нолон карда буд. Имрӯз қомат афрохтани пайкараи ин шахсиятҳои бузург дар шаҳрҳои Самарқанд ва Душанбе дӯстии чандинасраро боз мустаҳкамтар карда истодааст.
Минбаъд чунин рафоқати бузургро дар дӯстии нависандагони барҷастаи тоҷику ӯзбек Садриддин Айнӣ ва Ойбек, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дида метавонем. Агар Мирзо Турсунзода гуфта бошанд, ки ин ду халқи дӯст ду тори як рубоб ҳастанд, бадоҳатан Ғафур Ғулом чунин ҷавоб дода буданд: «Ин ду халқи ба ҳам дӯст, ду мағзи як бодоманд».
Сарвари пешинаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шароф Рашидов бо забони тоҷикӣ менавишт ва бе тарҷумон сухан мекард. Бо шарофати ин шахси накӯном ва маърифатпарвар дар шаҳри Самарқанд Осорхонаи устод Садриддин Айнӣ бунёд ва то имрӯз нигоҳдорӣ шудааст.
Шоираҳо Озод Аминзодаю Зулфия бо ҳам дугонаҳои ҷонӣ буда, ашъорашонро бо ду забон менавиштанд. Сарояндаи халқи тоҷик Маъруфхӯҷа Баҳодуров ба гирифтани унвони Ҳофизи халқии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мушарраф шуда буд. Шашмақомсароёни машҳури ӯзбек Маъмурҷон Узоқов, Фахриддин Умаров, Комилҷон Отаниёзов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухлисони зиёд доштанд. Имрӯз сурудҳои Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Мастона Эргашева дар Ӯзбекистон писанди ҳамагон гаштаанд.
Нависандаи барҷастаи адабиёти муосири ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ - тоҷики раштӣ дар Қӯқанд маскан гирифта буд. Асарҳои ин нависандаи бузург ба монанди «Бой ва хидматгор», «Найрангҳои Майсара» дар саҳнаи театрҳои тоҷик намоиш дода мешаванд. Нависандаи барҷаста, Сардафтари адабиёти муосири ӯзбек Абдулло Қаҳҳор зодаи ноҳияи Ашти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо романҳои «Рӯзҳои гузашта», «Каҷдум аз меҳроб» меҳру муҳаббати ҳамдигарии ин ду халқро зиёд карда буд.
Кинорежиссёри машҳури Ӯзбекистон Комил Ёрматов зодаи шаҳри Конибодом буда, бо офариниши филмҳои баландмазмуни худ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Академик Қори Ниёзӣ низ зодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Романҳои нависанда Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ», «Тахти воҷгун», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» дӯстдоштатарин китобҳои рӯимизии мардуми ин ду кишвар гардидааст. Мо аз дӯстиву рафоқати Боймуҳаммад Ниёзов, Комилҷон Отаниёзов ва Афзалшою Озодбек ба хулоса меоем, ки тоҷике нест, ки дӯсти ӯзбек надошта бошад ва ё баръакс.
Бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ин пайвандиҳои дерина дубора эҳё гардид, ки бо хатти тиллоӣ дар саҳифаҳои таърихи ин ду миллат навишта хоҳанд шуд.
Ниёзмуҳаммади Иброҳимзода,
узви Иттифоқи
рӯзноманигорони ҷумҳурӣ