Саразм: Саҳифаҳо дар ҳазорсолаҳо

Саразми қадим дар водии Зарафшон яке аз минтақаҳои қадимаи сарзамини Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати эҳёи арзишҳои миллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла, осорхонаҳо низ иқдоми устувор ва собит гузошта шуд.

Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии Кумитаи байналмилалии мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки моҳи июли соли 2010 дар Бразилия баргузор шуд, ёдгории Саразми бостонии Панҷакент дар қатори 15 иншооти таърихии фарҳангии дунё ба Феҳрасти умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ шомил гардид. Ин боиси ифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад. 12-уми майи соли 2018 ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар Пешвои муаззам миллат - Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки соли 2020 “Ҷашни 5500 - солагии Саразми қадим” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шавад. Ин воқеаи фараҳбахши фарҳангӣ бори дигар исбот намуд, ки тоҷикон дар ташаккулёбии таърихи тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузор ҳастанд.

Бояд ёдовар шавем, ки Саразми бостон соли 1977 дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиноси варзидаи тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф шудааст.

 Сабабгори кашфи Саразм Ашӯралӣ Тайлонов - бошандаи деҳаи Авазалӣ буд. Бозёфтҳои даври антиқа шаҳодат медиҳанд, ки дар ин ҷойҳо маданияти кишоварзию шаҳрсозӣ вуҷуд дошт. Ҳамин тариқ ба шарофати Саразми Панҷакент тамоми Тоҷикистон ба ҳайати тамаддуни қадимтарини инсоният ворид гардида, ин мавзеъ аҳамияти бузурги бостоншиносӣ пайдо кард.

Дар ин ҷо хонаҳои истиқоматӣ бо маъбадҳои оташпарастӣ дарёфт шудаанд. Ҳафриёти бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки саҳми Саразм дар маданияти асри биринҷии Шарқ бағоят бузург аст, чунки он дорои маданияти муқимии зироатӣ буда, муҷассамаҳои сафолӣ бисёр ёфт шудаанд. Маросими дафн дар Саразм ба урфу одатҳои Туркманистони Ҷанубӣ ва болооби Зарафшон монандӣ доштааст. Масалан, тарзи ҷасадгузорӣ бо зару зевар ва асбобҳои рӯзгор дафн намуданро нишон додааст.

Ороишоти қабри пурбоигарӣ дар ҳафриёти 4 аз қабри Маликаи Саразм ёфт шудааст, ки ҳунари волои заргарони ҳазораи IХ ва III пеш аз мелодро исбот менамояд. Дар либоси майит қариб то ду ҳазор шаббаю муҳраи ақиқ, лоҷувард, фирӯза ва оҳаксанг кашидадӯзӣ шудааст. Дар ҳудуди косаи сар ва сутунмуҳра шаддаҳои гуногун аз нуқраву тилло ба шакли муғчагул монанд ба навдачаи барҷаста дар миёна ҷой гирифтаанд.

Тадқиқоти қабристони Дашти Қозӣ нишон медиҳад, ки ҳам мардон ва ҳам занон аз зеварҳо истифода мебурдаанд. Намунаи ин зеварҳои биринҷӣ дар толори Саразм гузошта шудааст, ки аз ҳунари волои заргарони гузашта дарак медиҳад. Сохти ҷамъиятӣ дар марҳалаи гузариш аз модаршоҳӣ ба падаршоҳӣ қарор дошт. Сохти иҷтимоиро хусусияти дафнкунӣ ва ашёи моддие, ки дар қабр ҳамроҳи майит мондаанд, нишон медиҳад. Аз рӯи ин бозёфтҳо гуфтан мумкин аст, ки ҷомеа аллакай ба табақаи сарватмандону бенавоён тақсимбандӣ шуда будааст.

Матлуба Аминова,
корманди Осорхонаи ба номи
Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh