Боздиди Раиси вилоят аз Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд”

10 октябри соли 2018 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди худ аз Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” бо фаъолияти он аз наздик шинос гардид.

Тавре дар аснои шиносоӣ ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ҷиҳати ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандон пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” аз оғози сол то имрӯз дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии шуғлии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят 75 гуруҳҳои касбомӯзӣ ташкил намуд ва 1367 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон низ пайваста ба роҳ монда шуда, дар нуҳ моҳи сипаришуда 316 нафар бо шаҳодатномаи касбӣ таъмин гардиданд.

Марказ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибҳунар намудани занону бонувони хонашин низ корбарӣ карда, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ наздик 200 нафарро ба маҳфилҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, сӯзанидӯзиву дӯзандагӣ ҷалб намудааст.

Раиси вилоят зимни азназаргузаронии маҳсулоти тайёри дӯзандагон изҳор дошт, ки барои соҳибкасб ва соҳибҳунар гардидани ҷавондухтарон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки шахси соҳибҳунар дар ҳама давру замон соҳиби обрӯ ва мартабаи хос аст ва аз ин рӯ ҷавонон бояд вақтро самаранок истифода намуда, касбу ҳунарро азхуд намоянд.

Тавсия дода шуд, ки тибқи талаботи бозор бояд ҷавонон бештар ба омӯзиши нозукиҳои соҳаи энергетика, технологияҳои информатсионӣ, кафшергарӣ ва машшотагӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамзамон густариши фаъолияти “Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд” ва ҷалби бештари ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh