Филме, ки эҳсосу хирадро такон медиҳад!

Синамогарони ҷавону пуртакопӯи муассисаи давлатии «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов дар давоми се соли фаъолият фазои синамои тоҷикро бо 7 филми хубу диданӣ пуртар карданд ва ҳоло низ бо ҳамон шавқу шӯру зарфияти ҳунарӣ кори сангину пурмасъулияти хешро идома медиҳанд.

Баъзе аз филмҳои банаворгирифтаи онҳо, аз қабили «Коса», «Духтари Сайҳун» синамои тоҷикро берун аз кишварамон низ муаррифӣ намуда, ҷоизаҳо ба даст оварданд. Чанде пеш боз як филми наву хуби дигар бо номи «Сайёра ранг иваз мекунад» ба феҳристи филмҳои «Суғдсинамо» зам шуд ва 22-юми сентябр дар толори Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши он баргузор гардид.

Пеш аз намоиш дар даромадгоҳи театр дар фазои мутантану идона дастандаркорону нақшофарони асосии филм ба мухлисони сершумори кинои тоҷик муаррифӣ шуданду дар бораи ҷараёни таҳияи филм суҳбати мухтасар оростанд. Директори ҷавону пурғайрати «Суғдсинамо», коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар ба ҳамагон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки агар филми навбатии ӯ тавонад дилеро такон диҳад, шоду сарфароз хоҳад буд.

Толори театр пур аз мухлисон буд, ҳатто баъзеҳо ҷойи нишаст наёфтанд ва ин аз маҳбубияти коргардони ҷавону шинохта Муҳиддини Музаффар дарак медиҳад, ки қаблан бо филмҳои хуби дигараш ба дили бинандагон роҳ ёфта буд.

«Сайёра ранг иваз мекунад» филмест дар бораи арзишҳои волои инсонӣ чун муҳаббати хонаводагӣ, номусу шараф, ки онҳоро наметавон ба ивази молу сарвати ҳангуфт ба даст овард. Нақшҳои марказии онро ҳунарпешагони варзидаву шинохтаи кишвар Қурбони Собир, Хуршед Мустафоев, Таҳминаи Раҷаб, Тағоймурод Розиқов ва як гурӯҳ ҷавонони лаёқатманд иҷро кардаанд. Муаллифи филм Бахтиёр Каримов, продюссер Дилошӯб Орифзода, наворбардор Даврон Восидӣ, тадвингар Комил Суғдиён, оҳангсоз Зайниддин Каримов ва директори филм Осим Орифпур мебошанд.

Ҷанри филм мелодрама - детектив буда, суҷаи он пур аз моҷарову гирудорҳои зиёдест, ки ҳушу диққати тамошобинро то охир ба сӯи худ мекашад. Фарид (Қурбони Собир) шахси сарватманду дастдароз, соҳиби ширкат гумон мекунад, ки худ соҳиби тақдири хеш асту чархи гардун ба муроди ӯ мегардад. Писари ягонаи ӯ Ҷовид бо сӯиистифода аз мансабу моли падар бо дӯстонаш доим кӯчагардию авбошӣ мекунаду даст ба домани духтарон мезанад. Донишҷӯи донишкадаи санъат, ғиҷҷакнавози бомаҳорат Сайёра (Таҳминаи Раҷаб) номзади ҷавони дӯстдоштаи хеш аст. Боре чашми гуруснаи Ҷовид ба чеҳраи зебои Сайёра меафтаду мехоҳад ӯро ба доми хеш орад, вале муваффақ намешавад.

Аз ин рӯ, бо зӯрӣ ӯро мерабояду аз номус маҳрум мекунад. Вақти кашокаши Ҷовиду Сайёра тасодуфан теғ ба шиками Ҷовид мезанаду ӯ ҷон медиҳад. Хабари марги Ҷовид дили падарро реш мекунад ва ӯ ба авлодаш қасам мехӯрад, ки қотилро ҳатман меёбаду ҷазо медиҳад. Аммо баъдтар маълум мешавад, ки дар батни Сайёра кӯдак пайдо шудааст. Ин хабар Фаридро аз куштани Сайёра бозмедорад ва интизор мешавад, ки тифл-набера ва ягона меросхӯри ӯ ба дунё ояду баъдан ҷазои Сайёраро диҳад. Ҳамин тавр, бо ҳамин мақсад ӯ Сайёраро ноаён дуздида, ба кӯҳистони дурдаст мебарад ва он ҷо ӯро дар кулбаи сангие нигоҳ медорад.

Сайёра бо вуҷуди ҳама шиканҷаву уқубатҳое, ки Фарид ба сараш меорад, нисбати ӯ кинаву хусумат намеварзад, балки кӯшиш мекунад ба ӯ фаҳмонад, ки қотили фарзандаш худи ӯст, зеро аз хурдӣ ӯро дурусту накӯ тарбият накарда ва ба рафтору кирдораш бетафовут будааст. Саранҷом ин ҳақиқатро Фарид дарк мекунад ва зиндагии ваҳшиёнаи хешро, ки танҳо аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ иборат буд ва аз муҳаббат нишоне надошт, пеши назар меораду аз кардаҳояш пушаймон мешавад. Сайёра муваффақ мегардад, ки ин намоди бадию зиштиро ба муҷассамаи некӣ табдил диҳад. Дар охир Фарид барои наҷоти Сайёра ва кӯдаки батни ӯ хешро қурбон мекунад.

Нақши дигаре, ки дар ин филм фарқкунандаву хотирмон аст, нақши хидматгори Фарид Гадо (Хуршед Мустафоев) мебошад, ки ҳунарпешаи варзида онро хеле муассиру ҷолиб иҷро кардааст. Гадо дар охир ба роҳбари хеш хиёнат мекунаду бо душманонаш мепайвандад ва ба курсии ӯ менишинад. Бо ҳамаи ин қонеъ нашуда, мехоҳад, ки тамоми мероси Фаридро аз худ кунад, вале мерос аллакай ба номи набераи Фарид, кӯдаки ҳанӯз ба дунёнаомада гузаштааст. Аз ин рӯ, Гадо мекӯшад, ки модари ҳомиларо аз байн барад ва соҳиби мерос шавад, вале тираш хок мехӯрад. Саранҷом ҳақ ба ҳақдор мерасаду некӣ бар бадӣ пирӯз мешавад.

Як ҷиҳати хуби филми «Сайёра ранг иваз мекунад» ин аст, ки он аз саҳнаҳову гирудорҳои хушку беҳадаф ва саргармкунанда иборат нест, балки ҳар порчаву ҳар саҳнаи он талқингари муҳаббату некӯӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ ғояи асосии филмро ташкил додааст.

Номи филм баргирифта аз як саҳнаи зебову ошиқонаи он мебошад, ҳангоме ки ду дилдода дар лаби дарё ғарқи хаёлоти ширин менишинанд, ҷавон мегӯяд: «Вақте ки бо манӣ, сайёра ранг иваз мекунад».

Забони филм низ дурусту содаву ҳамафаҳм буда, аз такаллуфот орист. Гуфтугӯҳо табиӣ сурат гирифтаанд. Қаҳрамонон бо забони фасеҳу фаҳмо гап мезананд. Истиқболи гарму кафкӯбии самимонаи тамошобинон гувоҳи он буд, ки филм воқеан дили онҳоро такон ва нигоҳашонро ба зиндагӣ тағйир додааст.

Баъди анҷоми намоиш Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ва дигарон «Суғдсинамо»-ро бо ин дастоварди нав табрик карданд.

Назари чанде аз тамошобинон, ки пас аз намоиши филм бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, собит намуд, ки филми навбатии «Суғдсинамо» дархури ниёзу хостаҳои онҳост. Алишер Ҷасуров, сокини шаҳри Хуҷанд бештар дар бораи ҷанбаи тарбиявию ахлоқии филм андеша ронда, чунин гуфт: «Мутаассифона, имрӯз баъзе филмҳоеро тамошо мекунем, ки хусусияти тарбиявӣ надоранд, бинанда аз онҳо чизе намегирад, вақт ба тамошои чунин филмҳо беҳуда сарф мешавад. Аммо ман имрӯз хурсанд шудам, ки филми хубу тарбиявӣ тамошо кардам. Бинанда бо дидани ин филм дарк мекунад, ки хушбахтии оила дар ахлоқи неку тарбияи хуби фарзандон аст ва падару модаре, ки ба тарбияи фарзандонашон диққати зарурӣ намедиҳанд, боиси бадбахтии онҳо мегарданд. Меарзад, ки бинанда ин филмро чандин бор тамошо кунад».

Сокини дигари маркази вилояти Суғд Фаридаи Ҷалолро бозии ҷолиби қаҳрамонони асосии филм ба ваҷду ҳаяҷон овардааст. Ӯ мегӯяд: «Қаҳрамонон нақши худро олиҷаноб иҷро карданд, табиӣ, самимона, таъсирбахш.

Ҳар ҳунаре, ки барои ҳунарпешаи ҳирфаиву сатҳи баланди синамо зарур аст, дар бозии онҳо дида мешавад. Коргардон ҳунарпешагонро хеле огоҳонаву оқилона интихоб кардааст. Аз тамошои филм лаззат бурдам».

Ҳамсуҳбатони дигари мо низ ҳамин гуна бо шавқу ҳаяҷон дар бораи филм андешаҳояшонро баён доштанд. «Сайёра ранг иваз мекунад» воқеан филмест, ки дороии синамои тоҷикро меафзояд, онро ба таври шоиста муаррифӣ мекунад ва эҳсосу хиради моро такон медиҳад.

Толиби Луқмон,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh