Мастчоҳ: Дар ҷустуҷӯи меҳмонхона ва ё дари бастаи «Анис»

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ин радиф бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ба соҳаи сайёҳӣ зарур бештари сармоя ва омода кардани кадрҳои болаёқат ба соҳаи сайёҳӣ зарур аст.

Аз ҷумла, меҳмонхонаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ аз қадамҳои ҷиддиест, ки метавонад боиси ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат борҳо дар баромадашон иброз намудаанд. Меҳмонхона биноест, ки барои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон истифода мешавад.

Асосан муштариёни меҳмонхона меҳмонони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои дур мебошанд. Оё меҳмонхонаҳои шаҳру навоҳии мо ба талабот ҷавобгӯ аст? Мутаассифона, ба ин суол мо дар ноҳияи овозадори Мастчоҳ посух дарёфт карда натавонистем.

 Бино ба иттилои сокинон дар маркази ноҳия як меҳмонхона вуҷуд дорад, аммо касе намедонад, ки номи он чисту соҳибаш кӣ аст. -Намедонем, ки меҳмонхона айни ҳол фаъолият дорад ё не,-гуфт як сокини ноҳия, ки худро Меҳрулло ном бурд. Бо тааҷҷуб пурсон шудем, ки чаро дар як ноҳияи калон барои хизматрасонии сайёҳону меҳмонон ягон меҳмонхонаро тавсия дода наметавонанд? Бо табассум дар ҷавоб гуфтанд: -Аз азал мардуми ноҳия меҳмоннавозанд, бинобар он касе, ки аз дуру наздик ба меҳмонӣ оянд, дар манзили хеш меҳмондорӣ мекунем. Ба чунин гуфтаҳо розӣ шуда наметавонем, зеро на ҳар сайёҳ ё меҳмон ҳангоми саёҳат дар ин ноҳия хешу табор доранд, - гуфт фурӯшандае, ки дар бозори марказии ноҳия фаъолият мекарду худро Холмуҳаммад номид. Бо пурсуҷӯи зиёд фаҳмидем, ки дар яке аз кӯчаҳои маркази ноҳия ягона меҳмонхона ба номи «Анис» фаъолият дорад. Ба он ҷо равона шудем, вале ҳангоми наздик шудан дидем, ки дараш қулф аст ва аз соҳиби он дараке нест. Аз суҳбат бо сокинон бармеояд, ки дар вақти зарурат ба маъмурият занг зада, хонаро кироя кардан лозим будааст. Вале дар ягон ҷо рақами телефон сабт нагардидааст ва мо низ натавонистем, бо соҳиби он дар тамос бошем. Бо вуҷуди он, ки сар то сари вилоят ба меҳмонхонаҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад, дар ин масъала чаро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ягон чораҷӯӣ накардааст?

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh