Мунтахаби ғазаллиёти Мирзо Ҷалоли Асир

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» мунтахаби ғазалиёти Мирзо Ҷалоли Асирро интишор намуд.

Мунтахаби ғзалиёт дар таҳияи Иззатбек Шехимов ва зери назари доктори илмҳои филологӣ профессор, Замира Ғаффорова дар матбааи «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд  аз нашр баромад.

Гуфтан бамаврид аст, ки Мирзо Ҷалоли Асир аз шоирони маъруфи асри ХVII, дар сабки ҳиндӣ  ғазал суруда, дар адабиёти форсӣ мақоми шоиставу боризе ба даст овардааст. Ширинии баён ва назокати суханаш боиси шуҳратмандии шоир гашта, аммо то кунун ашъори Асир дар Тоҷикистон  нашр нагашта буд.

Дар муқаддимаи китоб дар асоси маълумоти сарчашмаҳои адабӣ-таърихии мавҷудбуда ба тарҷумаи ҳол ва осори шоир рӯшанӣ андохта шудааст. Мухаққиқи ҷавон дар омӯзиши хеш ҳамзамон ба қолабҳои шеърии ашъор, ба ҳунари шоирӣ ва маҳорати ибораофаринии шоир, мазмунофаринӣ ва зарофатҳои забониву мавзӯъгирии хоси Мирзо Ҷалоли Асир таваҷҷуҳ намудааст.

Мунтахаби ғазалиёти шоир 134 ғазалро дарбар гирифта, гулчини ғазалҳои шоир мебошад, ки шамъае аз гулистони табъи ӯст.

 Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh