САНГНИГОРАҲОИ АШТ

Дар сарзамини тоҷикон даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ҳастанд, ки имрӯз диққати оламиёнро ба худ ҷалб намудаанд. Тоҷикистон аз ҷиҳати доштани ёдгориҳои таърихӣ хеле бой аст, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ хеле зиёданд.

Яке аз ин гуна ёдгориҳо дар ноҳияи Ашт воқеъ буда, имрӯз дар ҳудуди он қалъаҳо, кӯшкҳо, қабристону масҷидҳо, мадрасаҳо ва як силсила ёдгориҳое ҳастанд, ки дар солҳои гуногун мавриди таҳқиқи олимони бостоншинос қарор гирифтаанд. Масалан, соли 1885 аввалин экспедитсияи археологӣ таҳти роҳбарии профессор Веселовский як силсила ёдгориҳои таърихии қабристонҳои дашти Ашт кашф карда шуд, ки минбаъд ҳамин кашфиёт вориди илм гардид. Вале илм рӯз аз рӯз таҳқиқот ва навгонӣ мехоҳад.

Паҷӯҳиши таъриху фарҳанг ва этнографияи водии Фарғона, аз ҷумла сарзамини ноҳияи Ашт аз охири асри ХIХ ва аввали ХХ оғоз шуда, хусусияти мақсадноку мунтазамро касб намуд. Олимони бостоншинос дар таҳқиқи таъриху маданият ва кашфу ҳафриёти ёдгориҳои қадиму асримиёнагии мавзеъҳои сарзамини Ашт хизмати беандоза бузург кардаанд.

Аз ҷониби археологҳо ва бостоншиносон дар ҳудуди вилояти Суғд, махсусан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен ва Ашт чанд маротиба таҷрибаҳои саҳронаварди археологӣ гузаронида шуданд, ки диққати онҳоро ёдгориҳои таърихии ин ҷо ҷалб намуд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Ашт яке аз халқҳои хеле қадим, қабилаҳои саҳронаварди эронӣ, ки сакоиҳо ном мебаранд, мезистанд. Онҳо аслан аз Эрони Шарқӣ буда, дар ҳазорсолаи дуюми пеш аз мелод дар қаламрави водии Фарғона, аз қаторкӯҳҳои Помир то Эрони имрӯза, дар мавзеи қаламрави Хуросони бостон умр ба сар мебурданд.

Сакоиҳо аз рӯи сарчашмаҳо дар асрҳои ҳафти пеш аз мелод дар ҳамин рӯди Сир зиндагӣ мекарданд, ки дар қаламрави Суғд як фарҳанги хурди худро гузоштанд, ки ин ёдгориҳои таърихист. Яке аз ҳамин ёдгориҳо ин ҳамон сангнигораҳое мебошанд, ки дар илми бостоншиносӣ онҳоро петроглифҳо мегӯянд, яъне кашидани суратҳои алоҳида дар рӯи сангҳо.

– Дар ҳудуди ноҳияи Ашт чанд маҷмааи бузурги сангнигораҳо, аз қабили Даҳанасой, Понғозсой, Мулломир, Ғудос ва Пискокат мавҷуданд. Ин ёдгориҳо маҷмӯи бузургеро дарбар мегиранд ва сакоиҳо дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардаанд. Онҳо дар атрофи хонаҳояшон дар сангҳои алоҳида манзараҳои гуногуни ҳаёти худ, ҳайвонҳои хонагиву ёбоиро тасвир мекарданд, ки аз ҷиҳати илмӣ хеле ҷолиб ҳастанд, – гуфт дар суҳбат бостоншинос Бахтовар Темирзода.

Дар Тоҷикистони Шимолӣ, аз ҷумла дар Ашт, дар харсангҳои калон ва кӯҳсорони баланд як силсила петроглифҳо кашф шудаанд, ки онҳо аз ҳаёту ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии бошандагони қадими ин сарзамин шаҳодат медиҳанд. Сангтасвираҳои Ашт аз ҷиҳати фарогирии мазмуну мундариҷа ва тасвирҳо гуногун буда, дар фосилаи ҳазораи якуми то милод – ҳазораи якуми милодӣ тавассути ниёкони маънишиносу воқеъбини мо ҳаккокӣ шуда, анъанаҳои маданияти сакоиҳоро ифода менамоянд. Дар тасвирҳои рӯи санг аксаран нақшҳои ҳайвонҳои калон – уштуру асп, гову бузҳои кӯҳӣ, оҳую гӯсфандон, инчунин манзараи ҳарби шеру палангон, сагҳо ва шикори паррандагон бо тамоми ҷузъиёташ таҷассум шудаанд.

– Соли равон як гурӯҳ археологҳо дар мавзеи Ғудоси ноҳияи Ашт як комплекси бузурги сангнигораҳоеро пайдо карда, ҳатто ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи ёдгориҳои таърихӣ пешкаш намуданд. Ин мавзеъ хушбахтона, ба Рӯихати умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

Дар ин дара сангнигораҳое ҳастанд, ки диққати тамоми тамошобинон, аз ҷумла сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб карда метавонанд. Дар он ҷо дар сангҳои калон тасвири барзаговҳои калони шохдор, аспҳои савора, камонандозҳо ҳангоми шикор ва аломатҳои ба ҳамин монандро баръало дидан мумкин аст, ки аз ҷиҳати кашиш баъзе хурдтар ҳастанд,–қайд намуд ҳангоми суҳбат бостоншиноси маъруф профессор Набиҷон Раҳимов.

Тафаккури ҷаҳонбиниву тараққиёти халқиятҳо марҳала ба марҳала инкишоф меёфтанд. Тасвири сакоиҳои бодиягарде, ки дар дараи Хорак мушоҳида карда шуданд, хеле хурд буда, ба давраи қадимтарин дохил мешаванд.

Таърихи миллати мо аслан бо фарҳанг, илму адабиёт, санъат ва бозёфтҳои таърихиаш ҷаҳонро тасхир кардааст. Мо макону мавзеъҳое дорем, ки давра ба давра онро кашф намуда, махсусан дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешкаши меҳмонону сайёҳони хориҷӣ карда метавонем. Имрӯз бостоншиносон дар омӯзиши пайваста ҳастанд, ки аз ин бештар таҳқиқот гузаронида, маконҳои сайёҳиро кашф намоянд.

Дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт 11540 тасвири қадимаи рӯйисангӣ аккосӣ ва шуморагузорӣ карда шуд. Омӯзиши нақшҳои рӯисангии Тоҷикистони Шимолӣ сол то сол густариш ёфта, таърихи меҳанро боз ҳам ғанитар мекунанд. Дар ин ҷода бозёфтҳои қадимаи сарзамини Ашт қиммати хосаи илмӣ доранд ва таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh