Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ: Аз боздиди Тоҷикистон мамнунам!

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва прокуророни генералии кишварҳои узви СҲШ

Санаи 20 сентябри соли равон дар Қасри миллат мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Прокуророни генералӣ бо ҳадафи ширкат дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе гирди ҳам омаданд.

 Дар ин ҷаласаҳо масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, экстремизм ва мушкилоти амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз дигар мавзӯъҳои мавриди баррасӣ – пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, пурқувват кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, таъмини амнияти иттилоотӣ, мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ва дигар зуҳуроти барои ҷамъият хавфнок таъкид карда шуд.

Дар мулоқот прокуророни генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва СҲШ, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, ҳамчунин кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, давлатҳои Непал, Шри-Ланка, Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо Герхард Ярош ва Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси меҳмонони даъватшуда ширкат варзиданд.

Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд бин Абдулло Ал Муъҷаб пеш аз оғози мулоқот дар Душанбе аз шаҳри Хуҷанд боздид карда, таассуроти худро аз мулоқот чунин изҳор намуд:

“Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Шарафманд шудам бо ҳамроҳи гурӯҳи кориамон ба сафари расмӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои ИДМ ва прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстамон Юсуф Раҳмон Аҳмадзода ташриф намоем.

Ҳангоми ин мулоқот бо ҳамроҳии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузаронидем, ки он дар ҳақиқат пурмуҳтаво ва пурарзиш буд.

Ҷаноби Президент прокуратураро яке аз сохторҳои муҳимтарини дастгоҳҳои давлатӣ ва ҷомеаи қонунӣ арзёбӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мулоқоти имрӯза барои табодули таҷриба ва муайян кардани самтҳои нави кӯшишҳои муштарак дар бобати тақвият додани волоияти қонун, амният ва субот дар кишварҳо имкон фароҳам меорад. Ҷонибдории худро ба ин андешаи Ҷаноби Президент изҳор намуда, гуфтаниам, ки мулоқоти Душанбе барои мубодилоти таҷрибаи корӣ дар соҳаи прокуратура муҳим аст.

Мамнунам, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи олӣ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар хотимаи сафари кориам ба ин кишвари меҳмоннавоз мехоҳам сипоси худро баён намоям. Изҳори миннатдориамро бо мамнуният ба Ҷаноби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданиам, ки барои дар сатҳи баланд қарор гирифтани муносибати хуби байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бевосита доранд.

Ба дӯстам, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзода арзи сипосгузорӣ мекунам, барои даъваташон ба чунин як мулоқоти олӣ ва ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ба он пешвозу меҳмондориҳое, ки ба мо анҷом доданд.

Ҳангоми сафар аз вилояти Суғд низ дидан кардем. Дар он ҷо мардуми ҳунарманду бунёдкорро дидем. Мардум ба ҳунарҳои қадимаи миллии худ арҷгузорӣ менамоянд ва пос медоранд. Ҷойҳои таърихиро дидем, аз мулоқот бо мардум мамнун гаштем. Мушоҳида намудем ва инчунин бо пешравиҳое, ки ба амал омада истодаанд, шинос шудем.

Воқеан, сарзамини гуҳарбори тоҷикон, обу ҳавои роҳатбахш, дарёву чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш, овози форами паррандагони хушхон, файзи рӯҳбахши Баҳри тоҷик, кӯҳҳои сарсабзу қуллаҳои осмонбӯс, роҳҳои мумфаршу обод, боғҳои шаҳдофарин аз ҷумла, “Боғи миллии Ваҳдат” ва меваҳои тару тозаи он, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, моро мафтун намуд.

Воқиф гаштем, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ин ташаббуси хубест, чунки он чизҳое, ки ман дар ин сарзамин дидам, бароям гуворову хуш буд ва аминам, ки меҳмонони ба кишвари шумо омада, танҳо диду хотираҳои нек бо худ мебаранд. Мардуми меҳмондӯсти ин минтақа, маконҳои таърихии ин шаҳрҳои бостонӣ, аз бузургии ин миллату ин кишвар далолат медиҳанд.

Ман Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон яке аз кишварҳои орому осоишта ва ободу хуррам меҳисобам.

Ҳамзамон, арзи сипоси худро перомуни мубодилаи таҷрибаи корӣ дар фаъолияти мақомоти прокуратура ва меҳмоннавозӣ ба прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мерасонам.

Ҳамеша барои ин кишвари азиз пешравию шукуфоӣ ва ба мардуми шарифаш амониву сарбаландӣ орзумандам.

Худованд муваффақ гардонад”.

Бо самимияту эҳтиром Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.

Ин ташрифи навбатии Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд бин Абдулло Ал Муъҷаб ба Тоҷикистон буд, ки бо гуфти худи ӯ “бо як ҷаҳон таассурот” аз кишвари мо баргашт.

Маркази матбуоти
Прокуратураи вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh