Муаррифии «Тӯҳфат-ул-хонӣ»

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ муаррифии китоби «Тӯҳфат-ул-хонӣ» баргузор шуд. Китоби  мазкур дар таҳияи устодони донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ва Нурулло Ғиёсов аз нашр баромадааст.

Маҳфилро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки омода шудани китобе, ки бозгӯи таъриху тамаддуни асри 18 мебошад, пайки фараҳбахши олами илму адаби кишвар аст.  Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расонидани таърихномаҳои қадима анъанаи дерина аст. Бо таъсис ёфтани Маркази паҷӯҳиши тамаддуни Сомониён чандин асарҳои таърихӣ ва илмиву адабӣ  нашр гардиданд.  ҳамкориҳои илмӣ тавассути асарҳои ин марказ бо кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтанд. 

Ба нашр расонидани китоби «Тӯҳфат-ул-хонӣ», ки ба қалами Муҳаммадвафои Карминагӣ тааллуқ дорад, нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи миллат ва мардуми Осиёи Марказӣ мебошад. Ин асари таърихӣ дар доираҳои илмӣ ва олимон шинохта шуда буд, аммо то кунун ба таври оммавӣ нашр нагардида, дар ҳолати зарурат олимон аз дастхатҳои он истифода мекарданд. Воқеан, аҳамияти ин асар на танҳо барои таърихи тоҷикон, балки барои таърихи мамлакатҳои Осиёи Миёна муҳим мебошад.

Таҳиягари дигари китоб номзади илҳои филология, дотсент Нурулло Ғиёсов дар бораи аҳамияти «Тӯфат-ул-хонӣ» барои илми тоҷик ҳарф зад. Қайд шуд, ки китоби мазкур аз рӯи дастхатҳо ва нусхаҳои қадима омода шуда, дар шинохти таърих ва муҳити адабиву фарҳангии замонаш кӯмак мекунад. «Тӯҳфат-ул-хонӣ» асаре аст, ки перомуни масъалаҳои забон, воқеаҳои таърихии он даҳҳо асару мақолаҳо таълиф гардида, масъалаҳои мухталифи дар китоб зикршударо муаррихон ба монанди Анке фон Кюгелген, Бӯрӣ Ахмедов, Семенов ва дигарон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Мудири кафедраи таърихи ватан ва археология, номзади илмҳои таърих Ҷ.Исомаддинов дар мавзӯъи ««Тӯҳфат-ул-хонӣ»- ҳамчун сарчашмаи таърихӣ» маърӯза намуд. Ӯ гуфт, ки ба дасти чоп расидани китоби мазкур барои беҳтару хубтар шинохтани замони таълифи асар мусоидат хоҳад кард.

Масъалаҳои матшиносии китоб дар суханронии директории Муассисаи давлатии «Маркази илимии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ҳаллау фасл ва баррасӣ шуд. Баҳром Раҳматов пешниҳод намуд, ки нусхаи форсии ин китоб таҳия гардад то форсизабонони ҷаҳон низ аз файзи он баравар шаванд. 

Маърӯзаи декани факултети забонҳои шарқ, номзади илмҳои филологӣ Ислом Раҳимов дар мавзӯъи «Санъати тарфгарӣ ва силоҳҳои оташфишон дар «Тӯҳфат-ул-хонӣ»» ҷолибу шуниданӣ буд.

Асари номбурда аз лиҳози омӯзиши фарҳанги мардумӣ, этнография, этикети дарборӣ асари пурмӯҳтаво ба шумор рафта, минбаъд хоҳишмандон метавонанд, ки бо мутолиаи китоб доир ба ин масъалаҳо низ таҳқиқот гузаронанд. Доир ба ҷуғрофияи таърихӣ низ асари номбурда метавонад, ки маводи пурарзишро пеши рӯи муҳаққиқон боз кунад.

Маҳфил бо музокироти илмии мутахассиони соҳа ба итмом расид.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh