Китоби нав - Фурӯғи нақд
- Details
- Published on Friday, 21 September 2018 10:28
«Фурӯғи нақд» китоби тозанашри адабиётшинос Субҳони Аъзамзод аст, ки тариқи матбааи «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд дастраси хонандагон гардид.
Асари мазкур нигоҳе ба шахсият ва фаъолияти илмии доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус мебошад. Чунон ки дар дебочаи китоб қайд шудааст, маҷмӯаи мазкур «ҳосили назар, тааммул ва тааммуқи қариб бистсолаи муаллиф дар маърифат ва шинохти рӯзгори пурбор ва пайкори босамари паҷӯҳишии бонуи адабиётшинос, мунаққиди номвар, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус» мебошад.
Муаллифи асар зиндагӣ ва осори адабиётшиноси номварро дар бахшҳои «Шафақи афрӯхта», «Нигоҳе ба марҳалаҳои паҷӯҳиши илмӣ», «Нигоҳи муҳаққиқона ба шеъри бонувон», «Нигоҳе ба Шукуфаи андӯҳ», «Дар нақди адаби муосир» баррасӣ намудааст.
Баҳогузорӣ ба асарҳои сисилаи «Хубони порсигӯ», ки китобҳои «Сиришке дар лола» оид ба зиндагӣ ва ашъори Робияи Балхӣ, «Шукуфаи андӯҳ» дар заминаи зиндагинома ва ашъори шоираи эронӣ Фурӯғи Фаррухзод, «Шамъи тироз» оид ба рӯзгору ҳунари шоирии Маҳасти Хуҷандӣ, ва «ҳамзоди тӯфон» дар шинохти рӯзгор ва осори Гулрухсор Сафиеваро дар бар мегирад нуктасанҷонаву ҳунармандона сурат гирифтааст. Субҳони Аъзамзод зимни омӯзиши ин асарҳо ба натиҷа мерасад, ки ««Хубони порсигӯ» нигоҳи ҷиддиву муҳаққиқона ба рӯзгору ашъори занон аст, ки ҳадафи асосии он таъйини арзиши ҳунарии осор ва нуфузи занони шоир дар таърихи шеъри форсӣ- тоҷикӣ мебошад».
Нигоҳи адабиётшинос ба марҳалаҳои паҷӯҳиши илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус нақди «Шукуфаи арндӯҳ», ки зиндагӣ ва осори Фуруғи Фаррухзодро ҳаллу фасл намудааст, дар пояи баланди илмӣ сурат гирифтааст. Бунёди илмиву назарӣ ва таърихии китоби «Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо» дар мақолаи «Дар нақди асари муосир» бозгӯ шуда, натиҷагириҳои мунаққид мӯшикофона ҷараён гирифтаанд. Аъзамзод таъкид мекунад, ки «ин асар намунаи пурарзиши нақди адабиёти муосир ва осори арзишманди адабиёти ҷаҳон аст, ки заҳмати фаровон дар таълифи он ба харҷ рафтааст ва дар шинохти адабиёти асили миллӣ, чеҳраҳои маъруфи адабӣ, таҳкими пояҳои илмии адабиётшиносӣ ва рушди нақди адабии тоҷик» иқдоми шоиста мебошад.
Китоби «Фурӯғӣ нақд» раҳнамои хубест дар шинохти зиндагӣ ва осори адабиётшиноси номвар Матлубаи Мирзоюнус.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»