Зарнисорро фароғатгоҳ мебояд!
- Details
- Published on Wednesday, 19 September 2018 14:43
Зарнисор аз шаҳракҳои шаҳри Гулистон буда, дар шимоли Тоҷикистон, дар доманаи қаторкӯҳҳои Қурама ҷойгир шудааст. Соли 1948 қарор оид ба сохтмони комбинати сурбу руҳ қабул гардид, ки дар заминаи он аз соли 1949 сохтмони шаҳрак оғоз ёфт.
Сараввал ин макон Олтин - Топкан ном гирифта, бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 номи зебои Зарнисорро соҳиб шуд. Дар шаҳрак се мактаб, беморхона, шуъбаи корҳои дохилӣ, корхонаи коммуналӣ – манзилӣ ва аз соли 2006 инҷониб ҶДММ «Ширкати кӯҳӣсаноатии Тоҷикистону Хитой» фаъолият мекунад, ки якчанд конҳои маъдан дар тобеияти он мебошанд.
Корхона фаъолияти шабонарӯзӣ дошта, дар он аз тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон ва аз хориҷи кишвар наздик 3000 нафар кор мекунанд. Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми шоистаи Пешвои миллат дар бораи эълон доштани “Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар саросари Ватани маҳбубамон барои ҷалби мардуми дохил ва хориҷи кишвар, бо интихоби маконҳои зебои сарзаминамон истироҳатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои табобатӣ, хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуда, он мавзеъҳоро боз ҳам зеботару дилкаштар менамоянд ва аз ҷониби дигар мардум, бахусус сайёҳон аз ин имкониятҳо баҳраманд мешаванд.
Мақсади навиштаи мазкур он аст, ки дар соли рушди сайёҳӣ хостем манзараҳои атрофи шаҳраки зебоманзари Зарнисорро муаррифӣ созем ва аз сармоягузорони дохиливу хориҷӣ хоҳиш намоем, ки ба ин шаҳрак ҳамчун ба як мавзее, ки боиси ҷалби сайёҳон хоҳад гардид, назар андозанд. Зеро табиати он ҷо нотакрор буда, қаторкӯҳҳои онро арчазорони ҳамешасабз зеб медиҳанд, ки чор фасли сол танҳо ҳавои тозаву роҳатбахшаш метавонад, чандин намуди бемориҳоро рафъ созад.
Дар фасли баҳор зебоии ин манзараҳо ба дараҷае мерасанд, ки барои тавсифи он забон оҷиз аст. Бӯйи муаттари арча, гулу гиёҳҳои шифобахш, оби равони чашмасорон, чаҳ-чаҳи паррандаҳо касро ба як олами афсонавӣ мебаранд. Мардуми таҳҷоӣ ва меҳмонон аз шаҳру ноҳияҳо ҳамасола, шуруъ аз моҳи май барои истироҳат ба ин мавзеъ меоянд ва ин осоиши чандсоата ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Мутаассифона, барои истироҳати комили онҳо шароит муҳайё набуда, баҳри фароҳам овардани имконият харҷи зиёд ба сохтмони иншооти асосӣ ва ёрирасон, таъмири роҳҳо, кашидани лӯлаҳои обгузар ва ташноб, гузаронидани хатти барқ ва ғайра зарур аст.
Дар сурати таъсис ёфтани осоишгоҳ, истироҳатгоҳи бачагона ва ё амсоли инҳо ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Хотиррасон мешавем, ки чанд сол инҷониб мактабиёни шаҳраки Зарнисор таътили тобистонаи худро дар урдугоҳи «Сиёвуш»-и ноҳияи Мастчоҳ мегузаронанд. Шавқмандони табиати зебо, онҳоеро, ки ниёз ба барқарор намудани саломатӣ доранд ва ҳамчунин, сайёҳони дохиливу хориҷро ҷалб кардан имконпазир аст. Шаҳрак дар сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир буда, имкон медиҳад, ки истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии кишвари ба мо дӯсту ҳамсояро низ, ки аксари онҳо аз табиати зебои ин диёр бохабаранд, ҷалб намояд.
Имрӯз кормандони ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой» ба осоишгоҳҳои гуногун рафта, истироҳат ва саломатиашонро барқарор менамоянд. Дар сурати амалӣ шудани ин пешниҳод ҳоҷат ба дигар осоишгоҳҳо намемонад ва онҳо мизоҷони доимӣ мешаванд. Фасли зимистон дар ин минтақа барфи зиёд меборад, аз ин боис барои ба роҳ мондани намудҳои варзишии зимистона шароит муҳайё намудан мумкин аст.
Дар сурати пайдо шудани имконияти молиявӣ ва дастгирии иқтисодӣ аз тарафи соҳибкорон, ҳатто, роҳи ҳавоии танобӣ низ сохтан ба манфиати кор аст, ки дар чор фасли сол хизматрасонӣ карда метавонад ва имконият медиҳад, ки сайёҳон аз баландӣ зебоии ин табиати нотакрорро тамошо намоянд. Шаҳракро аз шаҳри Истиқлол танҳо як ағбаи хурд ҷудо мекунад, ки манзараҳои он ҷо низ дилфиребу нотакрор мебошанд. Дар сурати бунёди фароғатгоҳҳо сокинони шаҳри Истиқлол ҳам метавонанд аз хидмати он баҳравар шаванд.
Хуб мешуд, ки маъмурияти ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» бо мақсади дастгирии пешниҳоди Президенти кишвар бо истифода аз имкониятҳои дастрас сари ин масъала машварате меорост ва пеш аз ҳама барои кормандон, ки бо меҳнати шабонарӯзии худ дар рушди ширкат ҳисса мегузоранд, осоишгоҳе ва ё истироҳатгоҳе месохт.
Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»