Китоби нав -Баёзи манзумаҳои табрикӣ
- Details
- Published on Monday, 17 September 2018 08:50
Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Шоднома-Баёзи манзумаҳои табрикӣ»-ро аз нашр баровард. Маҷмӯа аз ҷониби профессор, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубаи Мирзоюнус таҳия шуда, зери назари Шоираи халқии Ҷумхурии Тоҷикистон Фарзон ва бо дастгирии моли Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба чоп расид.
Дар «Шоднома» абёти ноби муборакбодӣ ҷамъ оварда шудаанд. Хонандагон метавонанд аз ин китоб роҷеъ ба Идҳои Истиқлолият, Ваҳдат, Рӯзи модар, Наврӯзи аҷам, Идҳои Садаву Меҳргон, туй ва зодрӯз таманниёти назмии шоирони классику муосири форсу тоҷикро пайдо кунанд. Дар силсилаи абёти шодбошӣ намуна аз осори Фирдавсӣ, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷаллолидини Балхӣ, Соиб, Низомии Ганҷавӣ, Лоиқ Шералӣ, Нодири Нодирпур, Ҷола Бадеъ, Симини Беҳбаҳонӣ, Низом Қосим, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Фарзона, Шаҳрия, Мирзо Файзалӣ, Озарахш, Аъзами Хуҷаста, Олимхон Исматӣ ва дигарони гирд омадаанд.
Мураттиби «Баёзи манзумаҳои табрикӣ» доктори илмҳои филологӣ Матлубаи Мирзоюнус дар сарсухани китоб зикр менамояд, ки «Коми халқи моро аз азал ба шеър бардоштаанд, бинобар ин дар тамоми лаҳазоти ҳассоси зиндагӣ мо барои ифодаи ғаму шодии дил ба ин мӯъҷизаи пурбаҳо-шеър рӯ меорем ва дар баёни ҳоли худ каломи муносибе меҷӯем. Воқеан ҳам, дар рӯзҳои иду зодрӯз, ҷашни арӯсиву соатҳои саодат инсон мехоҳад бо беҳтарин ҳарфҳо ба табрики дӯстон ва пайвандон бирасад ва табиист, ки пеш аз ҳама навиштаҳои шоирон ба беҳтарин ваҷҳ ин матлабро ифода менамоянд. ҳар маҳфили шодӣ дар Тоҷикистон бо шеър оғоз мешавад ва бо шеър анҷом меёбад. Пас шеъри шодӣ яке аз бахшҳои муҳими зиндагии мост, ки ба он пайваста ниёз дорем».
Китоби «Шоднома-Баёзи манзумаҳои табрикӣ» ҳадяи хубест ба ҳаводорони шеъру сухан.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»