Ганҷи сухан - баррасии осори илмиву адабии Матлубаи Мирзоюнус
- Details
- Published on Monday, 17 September 2018 10:45
Нишасти 165-умини маҳфили илмиву адабии Ганҷи сухан ба «Рӯзи Рӯдакӣ», «Рӯзи забони тоҷикӣ», ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус бахшида шуд.
Маҳфил дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.
Пас аз пазироӣ ва сухани ифтитоҳии адабиётшинос Саидумрон Саидов, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба илм ва иноватсия Хайрулло Сабуров дар мавзӯи Устод Рӯдакӣ ва шуҳрати ҷаҳонии забони тоҷикӣ маъруза намуд. Мавсуф қайд кард, ки дар арафаи иди адабиёту илм баррасии осори илмиву адабӣ ва педагогии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус низ басо рамзӣ ва арҷгузории хидматҳои чандинсола адабиётшиноси шинохтаи тоҷик мебошад.
Сорбон Азизов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз навгониҳои илмиву адабӣ маълумот дода, ба ҳозирин бештар аз 20 номгӯ китоби тозанашрро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла силсилаи китобҳои тозанашри Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ муаррифӣ шуд.
Таҳти унвони «Самтҳои асосии фаъолияти илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус» маърӯзаи илмии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарифҷон Тоҷибоев шунида шуд. Зимни ин гузориш ҳозирин роҷеъ ба фаъолияти илмӣ, мавзӯъву мӯҳтавои осор, самтҳои асосии фаъолият, сабку услуби нигориши Матлубаи Мирзоюнус маълумоти муфассал гирифтанд. Адабиётшинос Нуралӣ Нурзод дар мавзӯъи «Бонувони суханвар дар оинаи паҷӯҳиши Матлубаи Мирзоюнус» андешаҳои хешро баён дошта, силсилаи «Хубони порсигӯ»-ро аз беҳтарин тадқиқот дар шинохти ҳаёт ва фаъолияти бонувони суханвари қаламрави фосизабонон унвон кард. Муҳаққиқон Замира Ғаффорова, Абдусаттор Абдуқодиров, донишманди маъруф ҳоҷӣ ҳусайн Мӯсозода низ дар бораи дастовардҳои илмиву адабӣ Матлубаи Мирзоюнус изҳори назар намуданд. Шеърхонии донишҷӯён аз осори адибони классикӣ ва муосир таҳти унвони Аз Рӯдакӣ то Фарзона ва суруду оҳангҳои дилнавози сарояндагони ансамбли Навои ҷавонӣ-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маҳфил шукуҳи дигаре зам намуд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»