ФАРҲАНГ - СИМОИ МАЪНАВИИ ҲАР ХАЛҚУ МИЛЛАТ
- Details
- Published on Friday, 14 September 2018 11:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи фарҳанг
Дар Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандони соҳаи фарҳанг баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳҳои олӣ, директорони муассисаҳои соҳаи фарҳанг, нависандагон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд. Сараввал дар бораи дастовардҳо ва камбудиҳои соҳаи фарҳанг дар шаҳру навоҳӣ филми мустанад намоиш дода шуд. Сипас, Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшид.
Зимни суханронӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ қайд кард, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа яке аз самти муҳиму афзалиятнок маҳсуб ёфта, баҳри таъмини рушди устувори он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста таваҷҷуҳу ғамхории хоса зоҳир мегардад. Мусаллам аст, ки Истиқлолият асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистонро хеле боло бурд. Имрӯз мо ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати тамаддунпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш ба фарҳанги миллӣ ва шинохти бузургдошти адабиёту фарҳанг рӯ овардаем. Воқеан, шинохти ҳақиқии асолати таърихӣ моро водор менамояд, ки баҳри нашъунамо ва пешрафти кишварамон аз мероси гаронбаҳои гузаштагонамон ҳарчӣ бештар дарси мардонагӣ омӯзем. Сабақи азбаркардаамонро дар роҳи минбаъдаи тараққиёти кишвар босамар истифода барем, зеро фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи таълиму тарбияи эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор рафта, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву маорифпарварӣ, пешрафти кори таълиму тарбия байни ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад.
Фарҳанги мо танҳо ҳосили имрӯза набуда, балки заҳмати аҷдодони мост. Мо - тоҷикон аз зумраи халқиятҳои баландтолеъ мебошем, ки фарҳанги бой дорем ва тамоми рафтору кирдор, одоби муошират, тарзи либоспӯшӣ, андешаву муколама аз он сарчашма мегирад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон бояд дар заминаи эҳёи фарҳангу ҳунарҳои миллӣ, рукнҳои истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монда шавад. Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ беҳтару хубтар ва имкониятҳои зиёд дар муаррифии он аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.
Тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар барои инкишофи бонизоми фарҳанг, махсусан дар масъалаи рушди фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, равнақи санъати мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зимни суханронии хеш Назира Ғаффорӣ дар бораи қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавии соҳаи фарҳанг, осорхона, театр, мактабҳои мусиқӣ ва боғҳои фарҳангӣ, ки мардуми зиёде аз он истифода мебаранд, ёдовар шуд. Доир ба рушди фарҳанг дар вилоят, 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаи фарҳанг, 16 утоқи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона - музей, ду маҷмааи фарҳангӣ, як мактаби фарҳангӣ - фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақси филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат ва мусиқӣ, 11 ансамбли «Шашмақом», 5 ансамбли фолклорӣ - этнографӣ, ду ансамбли «Фалак», ҳамчунин ансамблҳои дойранавозон, карнайнавозон, радио, телевизиони маҳаллӣ ва ғайра фаъолият менамоянд.
Дар ҳудуди вилоят 1190 ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар муассисаҳои фарҳангӣ 3276 нафар фаъолият менамоянд. Инчунин, муовини Раиси вилоят дар бораи таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ, ба монанди Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Конибодом, Истаравшан, Шаҳристон ва ширкати фаъолонаи санъаткорон, ташрифи меҳмонон аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қомат афрохтан ва таъмиру тармими пурраи якчанд қасрҳои фарҳангӣ, мактабҳои мусиқӣ маълумот дод. Баҳри рушди соҳаи фарҳанг агар соли 2015-ум зиёда аз 13 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоятӣ маблағгузорӣ шуда бошад, соли равон ба беш аз 23 миллион сомонӣ расидааст.
Назира Ғаффорӣ дар баробари пешравиҳо дар бораи камбудиҳо ва муаммоҳои соҳаи фарҳанг сухан карда, аз ҷумла зикр кард, ки фаъолияти театрҳо, ки мактаби тарбиявӣ ва таълимист, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Мастчоҳ ва Деваштич беҳбудӣ металабад. Ҳамчунин, ҷиҳати рушди ҳамкории намояндагони театрҳо бо драматургон, омода сохтани филмҳои баландмазмун, дар муассисаҳои фарҳангӣ нарасидани воситаҳои техникӣ, таъмирталаб будани якчанд биноҳои театрҳои драмавӣ - мусиқӣ, норасоии кормандони соҳавӣ маълумот дод.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар бораи дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ширкати фаъолонаи санъаткорон дар баргузории ҷашнҳои таърихӣ, ҷалби ҷавонон ба ин самт, таваҷҷуҳи мардум, омӯзиши фарҳанги гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, дар тафаккури ҷавонону наврасон бедор сохтани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ фикру андешаи хешро иброз дошт. Инчунин, Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати сару либоси санъаткорон, норасоии кормандони касбӣ дар театрҳо, омода сохтани намоишномаҳо дар театрҳо, дастгирии ҷавонон, бартараф сохтани камбудиҳо дар китобхонаҳо, муҳайё гардонидани толори хониш дар китобхонаҳо, дастрасии адабиёти бадеӣ, ба тартиб даровардани боғи фарҳангӣ - фароғатӣ изҳори андеша намуда, дар ин бобат муовинони раисони шаҳру ноҳияҳоро муваззаф гардонид.
Дар анҷом Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов, нависандагон Додохони Эгамзод, Муҳиддин Хоҷазод, Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева, ҳунарманд Фирӯза Аюбҷонова, рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ ва дигарон баҳри беҳбудии соҳаи фарҳанг дар вилоят фикру андеша ва пешниҳодоти хешро баён карданд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»