Нахустнамоиши “Сайёра ранг иваз мекунад”
- Details
- Published on Thursday, 30 August 2018 10:26
Санаи 22-юми сентябри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ нахустнамоиши филми нави Муассисаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов” бо номи “Сайёра ранг иваз мекунад” баргузор мешавад, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар ба навор гирифта шудааст.
Бино ба иттилои директори филми мазкур Осими Орифпур филм асосан дар шаҳри Хуҷанд сабт шуда, чанд саҳнаи он дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) ба навор гирифта шудаанд. Сабти филм наздик ду моҳ тӯл кашида, 5 моҳ танзим, садогузорӣ, оҳангсозӣ шудааст. Ба сабти филм мутахассисони баландихтисоси соҳаи синамо - Дилошӯб Орифзода, Зайниддин Каримов, Даврон Восидӣ, Абдуазиз Абдураҳмонов, Қобилҷон Шарипов, Темур Султонов, Абдусафо Қосимов, Кароматулло Норов, Суҳроб Муллошоев, Сарвар ҳабибов, Баҳодур Тошматов, Анушервон Тилабов, Султонҷон Усмонов ва дигарон ҷалб шуданд. Филм асосан доир ба арзишҳои ботинии ду табақаи инсонӣ қисса мекунад. Яке андеша мекунад, ки тамоми мушкилиро бо молу сарват ва давлат харида мешавад. Дигаре дар ботин онро мепарварад, ки ҳамачиз бо сарват алоқамандӣ надорад. Масалан муҳаббат, ишқ, самимият, хоксорӣ ва инсон буданро бо пул харида намешавад. Дар филм ин ду андеша ба ҳам муқобиланд ва муборизаҳои шадид мебаранд. Дар интиҳо яке ғолиб меояд. ҳунармандон Қурбон Собир, Таҳмина Раҷабова, Дилбар Сулаймонова, Тағоймурод Розиқов, Нурулло ҳақназаров, Хуршед Мустафоев, Умар Алиев офарандагони нақшҳои асосии филм мебошанд.
Сайёра - қаҳрамони марказии филм фарзанди ягонаи Фаридро ба қатл мерасонид. Фарид Сайёраро барои қатли фарзандаш бад мебинад ва мехоҳад аз ӯ қасосашро бигирад. Аммо баъди ошно шудан аз ҷаҳони ботинии духтар ва ҳодисаҳои ба миён омада, Фарид ба андеша фурӯ меравад, ки фарзандашро чигуна тарбия кардааст?! Ҷавондухтар марди рӯзгордида ва ҷаҳонгаштаро маҷбур мекард, то ботини худро дарёбад. Фарид пас аз ин задухӯрдҳои ботинӣ ба худ суол медиҳад, ки оё муҳайё сохтани шароит ва иҷро кардани тамоми хоҳишҳои фарзандаш ҳамчун падар дуруст буд? Ба ғайр аз маблағ ба мерос боз чӣ боқӣ гузошт? Чи хел ва барои чӣ бояд дар ин дунё зиндагӣ кард? Ин ва дигар масъалаҳои мубрам дар филми «Сайёра ранг иваз мекунад» баррасӣ мешаванд, -мегӯяд коргардон Муҳиддини Музаффар
Осими Орифпур аз мушкилиҳои пеш омада ҳангоми наворбардории филм ёдрас шуда, қайд кард, ки аз сабаби объектҳои зиёди сабт доштан, лаҳзаҳои сабт ҳам барои гуруҳи ташкилӣ ва ҳам барои гуруҳи эҷодӣ мушкилӣ пеш меовард:- Яке аз мушкилиҳои фанние, ки ба талошҳои мутахассисон рабт надошт ин наборидани барф дар фасли зимистон буд. Чор моҳ ҳайати эҷодӣ барфро интизор шуданд. Ноилоҷ барф наборида ҳунармандон ва гуруҳи корӣ ба макони сабт рафтанд. Саҳнаҳои бебарфро гуруҳи корӣ гирифтанд, пагоҳ бояд ба Шаҳристон мерафтанд, то ки саҳнаҳои барфиро бардоранд. Аммо субҳ барфро дар теппаву пушта дида ҳама шод шуд. Макони сабт, ки қариб 1500 метр боло аз сатҳи баҳр аст ва дар кӯҳ барои сабти филм хона сохта шудааст, даву ғеҷ мерафт. Зеро барфҳо об нашуда дар зарфи ду рӯз ҳаммаи саҳнаҳои филмро ба навор мебардоштанд, -мегӯяд Осими Орифпур.
Намоиши филм рӯзҳои баъдӣ дар Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи К.Хуҷандӣ ва толори тамошои “Суғдсинамо” дар каҳвахонаи Нуртекс ба тамошо гузошта хоҳад шуд.
То имрӯз Муассисаи давлатии киностудияи “Суғдсинамо ба номи К.Ёрматов” Филмҳои “Коса”, “Духтари сайҳун”, “12 соли интизорӣ” ва “Тангно”-ро таҳия намудааст, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа ва тамошобинон истиқболи гарм ёфтаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”