Деваштич: Нақши оила дар рушди ҳунарҳои мардумӣ

Бахшида ба соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси бахши САҲШ-и ноҳияи Деваштич озмун таҳти унвони «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.  Дар  чорабинӣ раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода,  сардори САҲШ-и вилоят Муқаддам Ҳошимзода, мудирони бахши САҲШ-и шаҳрҳои Истаравшану  Гулистон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Рустам Ҷӯразода зимни суханронӣ қайд намуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои Конститутсионӣ ба модару кӯдак додаи давлат сол ба сол ғамхорӣ нисбат ба онҳо  зиёд шуда, мавқеашон дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, масъалаҳои вобаста ба оила, ҳимояти он аз тарафи давлат,  ҳуқуқи ташкили оила, инчунин масъулияти волидайну фарзандон зикр гардидаанд.

Дар чорабинии мазкур маҳсули ҳунари иштирокдорон ба намоиши гузошташуда, меҳмонон баҳои баланд доданд.

Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муққадам Ҳошимзода қайд намуд, ки  асоси пойдории оила аз хиради модар, асоси пойдории давлат бошад, аз устувории оилаҳо вобаста аст. Барпо намудани оила ва ба дунё овардани фарзанд бахти баланд аст. Оила ҳамчун зербинои тарбияи инсон мебошад.

Лоиқ Тӯйчиев,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh